Мақола

САДА – ҶАШНИ ПИРӮЗИИ ҲАЁТ ВА РӮШНОӢ

Аз истиноди сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон миллати фарҳангпарвару тамаддунсозанд. Ин соҳибфарҳангиву тамаддунофарӣ буд, ки то кунун ҷомеаи башарӣ аз ёдгориҳои таърихиву арзишҳои фарҳангии ин миллат ном мебаранд. Маҳз, суннатҳои фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷикро халқи тоҷдору бофарҳанг ва заминагузори тамаддуни башарӣ мешиносанд. 

САДА - ОҒОЗИ БАҲОР АСТ!

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Шаби Ялдо ё ин ки Шаби Чилла дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ва ё Митра баргузор мешавад. Аз руи солшумории Эрони шаби 30-юми моҳи Озар (22-декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин рӯз сар карда рӯзҳои дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.

Маълумот оид ба Сада аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ

Бояд қайд намуд, ки сада дар сарчашмаҳо ва манобеи муътамади таърихӣ зикр шудааст. Аз ҷумла донишмандону хирадмандони гузашта мисли А.Фирдавсӣ, А.Берунӣ, А.Байҳақӣ, А.Гардезӣ ва дигарон Садаро яке аз се ҷашни бузурги ориёӣ номидаанд. Аз рӯи манобеи таърихӣ Сада қадимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб меравад.

Берунӣ яке аз асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ аст!

Бо истинод ба сарчашмаҳо ва эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд.

Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор-ул-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба шайъи таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ мебошад.

Мерос дар масири таърих

АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)

Дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ, махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида истодааст. Э. Раҳмон
 

Бардоштҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Ҳифзи некуаҳолии мардум, ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат
 

Дурнамои маориф ва маърифатӣ ҳуқуқӣ

(Дар ҳошяи мулоҳиза ва бардоштҳои Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  таҳти унвонӣ “Маориф ва равандӣ маърифатӣ ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”)
 

Страницы

Яндекс.Метрика