Мақола

Салоҳдид баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

1. Барои он, ки як нафар ба ҳила ва найранги даъватгарони гурӯҳҳои ифротӣ наафтад, ҳатман ӯ бояд роҳу усулҳои ҷалбсозии ифротгароёнро донад. Вақте, ки як нафар бештар дар бораи бими ин гуна равияҳо ва ҷараёнҳо маълумотнок бошад, ӯ ҳамон қадар худашро аз чунин хатарҳои ифроти ҳимоят карда метавонад.

 

Даъватгарон бештар чунин шахсонро моил мекунанд:

 

-нафароне, ки аз падару модар ва хешу табори наздики худ дур қарор доранд;

РУСУМУ ОЙИНИ ТОҶИКОН ДАР АҲДИ ҒАЗНАВИЁН:

Абӯрайҳони Берунӣ донишманди маъруф андар иду ҷашнҳои порсиён ҷойгоҳи Меҳргонро сутуда, аз қавли яке аз акобири саҳобаи пайғамбар Салмони Форсӣ менависад, ки «мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар». Ниёгони мо барои таъйиди ҷашни Меҳргон, ҳамчунон барои Наврӯзу ҷашнҳои дигар, ривоятҳои фаровон дуруст кардаанд. Аз ҷумла, пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат додаанд.

ҚОНУНЕ, КИ ТАФАККУРИ САРФАҶӮЙИРО ТАЛҚИН МЕКУНАД

Бешак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷомеа тафаккури сарфаҷӯйиро ба миён овард ва исрофкорӣ, хурофоту зоҳирпарастиро пешгирӣ кард, вале қатъи назар аз ин, то ҳол мавридҳои нақзи меъёрҳои Қонун ба мушоҳида мерасанд, ки ҷавобгарии ҳуқуқӣ доранд. Ҳамин буд, ки барои боз ҳам коҳиш додан ва пешгирии қонуншиканӣ соли 2021 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаи 481) тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои ҷарима барои риоя накардани Қонуни мазкур зиёд карда шуд.

АҲКОМИ ОБҲО

Ғусл, вузу ва поксозии ашё ба воситаи обҳои зерин сурат мегирад:

1. Оби борон. 2. Оби барф. 3. Оби жола. 4. Оби баҳр. 5. Оби дарё. 6. Оби ҷӯйбор. 7. Оби чашма. 8. Оби чоҳ.

Анъана ва навоварӣ

Ҳар як насл ба фарҳанг чизи наверо ворид месозад: ихтирооти илмию техникӣ, андешаҳои нави бадеӣ, урфу одат, расму русум, завқ, тарзи рафтор ва ғайра. Пайдоиши чизи нав дар фарҳанг зарурӣ ва ногузир аст.

Инкишофи фарҳанг дорои ду тамоюл мебошад - нигаҳдошти мероси гузашта ва сохтани чизи нав. Анъана - натиҷаи донишҳо, таҷрибаҳо, намуд ва тарзи рафтор, урфу одат, маросим, расму русуми дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо бадастомада мебошад. Ҳар як анъана дар марҳилаи муайяни инкишофи халқ ва ҷамъият ташаккул ёфта, нақши замони худро дар худ нигоҳ медорад.

АЗ СИЛСИЛАИ ПАНДҲОИ СУДМАНД

Девонае, ки Шайх Ҷунайдро таълим дод

Яке аз азизони Худо, орифи машҳур Шайх Ҷунайди Бағдодӣ, ки зикраш дар осори Аттору Саноиву Мавлоно ва дигар тазкиранависон омадааст, ба нияти сафар аз шаҳри Бағдод берун рафт. Муридони Шайх низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуданд. Шайх зимни дамгирӣ аз аҳволи Баҳлул ном шахс (ки зоҳиран хешро девона вонамуд мекард) пурсон шуд. Муридон хандида, гуфтанд: 

- Эй Шайх, Баҳлул марди девонаест. Шумо ба ў чӣ кор доред?

Ҷунайд гуфт: 

- Ўро пурсон карда, назди ман оред, ки кори муҳимме дорам. 

Масъалаи талоқ аз дидгоҳи дини насронӣ

Бояд қайд намуд, ки масъалаи талоқ дар дигар динҳои самовӣ низ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дорад. Амалан ҳар як сохтори динӣ нисбат ба талоқ байни зану шавҳар хамчун гуноҳ муносибат мекунанд. Масалан, дини насронӣ низ перомуни ин масъала назари хоси худро дорад. Насрониён ба талоқ муносибати хеле манфӣ доранд  ва онро танҳо дар ҳолати марг ва ё хиёнати яке аз ҳамсарон иҷозат медиҳанд. Калисои насронӣ мафҳуми талоқро қабул надорад. Қатъ кардани никоҳро байни зану шавҳар, ки ба қавли онҳо дар малакут баста шудааст, маънои содир кардани гуноҳро дорад.  

МАСЪАЛАИ ТАЛОҚ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ ВА АДЁНИ ҶАҲОНӢ

То тавонӣ по манеҳ андар фироқ, 

«Абғазу-л-ашёи инди-т-талоқ» (Мавлоно, «Маснавии маънавӣ»). 

Страницы

Яндекс.Метрика