Мақола

Ошноӣ бо китоби Маснавии Маънавӣ

Китоби «Маснавии маънавӣ» - яке аз таълифоти машҳурӣ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ буда, Ў яке аз шоир ва орифи форсӣзабон мебошад. Ин китоб аз 26 000 байт ва 6 дафтар иборат буда, яке аз беҳтарин китобҳои адабиёти ирфонии бостон ва ҳикмати форсӣ пас аз ислом ба шумор меравад.

Т А В А Ҷ Ҷ Ӯ Ҳ !!! Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад !

Шаҳрвандони гиромӣ !

Терроризму экстремизм - ҳамчун вабои аср боиси нигаронии кулли сарварони мамолики дунё гардидааст.

Ҷаҳони муосир пур аз хатару даҳшатҳои харобиовар буда, заруратеро пеш овардааст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд бошуурона ва оқилона зиндагӣ кунад. Дар миёни ин хатарҳо терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср боиси нигаронии кулли сарварони мамолики дунё гардидааст

Бо ин мақсад санаи 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон», баргузор гардид.

ОЛИМОНИ ТАЗВИРГАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИАСОСИ СОМОНИЁНРО ТАҲРИФ НАМУДА, САҲИФАҲОИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТИРО БА ДОМИ ТАЗВИР КАШИДААНД (Ё давлати Сомониён ҳеҷ гоҳ давлатӣ туркӣ набуд)

Дар солҳои охир олимони тазвиргар шабакаҳои интернетро ба доми тазвир (ҳилаю фиреб) кашида, таърихи Осиёи Марказӣ ва Хуросонро таҳриф намуда, хоҳиши худро ба “ҳақиқат” табдил доданианд, ки чунин “пажуҳиш”-ҳо хеле муғризона ва бар хилофи ҳамгироии кишварҳои ҳамтақдири минтақа ва дунёи ислом аст. Аз ҷумла, дар саҳифаи интернетӣ мақолаи профессори Донишгоҳи ҳунари Стамбул ба номи Мимара Синана Айдин Уста таҳти унвони “АНДЕША – Давлати аввалини мусалмонӣ-туркӣ: Сомониён” нашр гардидааст, ки хеле зиддиилмӣ ва бидуни риояи ҳақиқати таърихӣ ва ахлоқи таърихнигорӣ иншо гардидааст.

ҲАМОИШИ ҶИДДА

ҲАМОИШИ ҶИДДА. Он нишонаи таваҷҷуҳи давлатҳои арабии Халиҷ ба имконияти фаровони ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ мебошад

Адои Умра дар ҳошияи нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ

Ҳамоиши нахустини Шурои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба арафаи анҷоми ҳаҷҷи фарзӣ ва оғози ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рост омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари худ, аз як тараф, як идда мулоқотҳои судманд баҳри ҳалли масоили иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ анҷом доданд, аз тарафи дигар, адои Умра намуда, барои натиҷабахш гардидани он мулоқот дуо намуданд. 

Боздиди навбатии Пешвои миллат аз кишвари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

19 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Адои маносики ҳаҷ ва таманнои оромию осудагӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон

МАФҲУМИ САЛОМ ДАР МАЪХАЗҲОИ ИСЛОМӢ

Салом дар луғатномаҳо ба маънии саломатӣ аз ҳар гуна айбу нуқсон, сулҳу осоиштагӣ, амну амон, дуруду таҳният аст ва азбаски Худованд ҷовидон ва пок аз айбу нуқсон аст, яке аз номҳои ӯ “Салом” аст.

Ҳар гуна изҳори муҳаббат дар оғози вохӯрӣ “дуруд” аст. Пас салом ҳамон дуруд аст, ки аз матолиби зиндагӣ ва дуои саломатӣ ва зиндагии дигарон аст, ин дуо хоҳ дар шакли “ассалому алайкум” бошад ё “ассалому алайно”. Аз ин рӯ, равшантарин намунаи дуруд салом аст.

Страницы

Яндекс.Метрика