Мақола

Имомон ва бузургони ислом дар васфу ситоиши Имоми Аъзам (р) ва шаммае аз сифоти ҳамида ва некӯи эшон

Касе аз Имом Абӯҳанифа (р) пурсид, ки кадом як аз ин ду Имом беҳтаранд, Алқама (р) ё Асвад (р)? Фармуд: «-Ба Худо мартабатам беш аз ин нест, ки эшонро ҷуз ба дуо ва талаби омӯрзишу бузургӣ ёд кунам, пас чӣ гуна метавонам якеро бар дигаре бартарӣ диҳам?».

Ва Ибни Муборак (р) барои Сӯфёни Саврӣ (р) гуфт: «-Чӣ қадар Абӯҳанифа аз ғайбат дур аст, ҳаргиз надидаам, ки ғайбати душмани худро бикунад!»

НАҚШИ “АЛ-ҚОНУН”-И АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ

1040 сол муқаддам дар деҳаи Афшанаи Бухоро тифле ба дунё омад, ки баъдтар бо осори мондагори илмии хеш номи худро на танҳо дар байни ҳамзамонон, балки давоми садсолаҳо дар таърихи инсоният ҳамчун як нобиғаи нотакрор маълуму машҳур гардонд.

Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик барои ҷаҳониён мероси гаронбаҳо ва арзишмандеро дар тамоми давраҳои таърих бар ҷой гузошта, дар пешрафти кулли соҳаҳои илми дунё нақши бориз доранд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба дин ва рӯзадорӣ дар Тоҷикистон

Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ нисбат ба дин таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа муносибати давлат ва ҷомеа нисбат ба дин қатъиян тағйир ёфт ва дин дар ҷомеа ҷузъи муҳимтарини фарҳанг эътироф гардид.

Истиқлолият – заминаи сиёсии таҷдид ва танзими ҳаёти динӣ-маънавӣ

Воқеан истиқлолият беҳтарин неъмат ва дастовард барои ҳар як давлату миллат аст. Маҳз аз истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ давлату миллат ташаккул меёбанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ давлатдории нави миллиамон рушд ёфта, амну субот ва пешравию гулгулшукуфоии кишвари биҳиштосоямон таъмин гардида истодааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешмои миллат барои ҳифозати ин неъмати бебаҳо мардуми шарифи кишварро ба сӯи худшиносию ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани ин дастоварди бузурги миллӣ роҳнамоӣ мекунад. 

Иди фитр

Афсӯс, ки айёми шарифи Рамазон рафт, 

Сӣ ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт.

Афсӯс, ки сӣ пораи ин моҳи муборак,

Аз даст ба якбора чу авроқи хазон рафт.

Моҳи Рамазон ҳофизи ин галла буд аз гург,

Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.

 

Соиби Табрезӣ

 

Садақаи фитр намоде аз ҳамбастагию дастгириҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон аст

Садақаи фитр закоти шахсиятҳое мебошад, ки афроди муъмин баъд аз поёнёфтани моҳи шарифи рамазон барои комил сохтани норасоиҳо ва кӯтоҳиҳои рӯзадор дар аснои рӯзаи ин моҳ ва ҳамчунин барои ёрӣ ва кӯмаки мустамандон муҳтоҷону бенавоён дар рӯзи ид онро пардохт менамояд.

Осори Абдулҳайи Лакнавӣ

Яке аз бузургтарин донишмнадони муосири ҳанафимазҳаб дар қораи Ҳинд Абдулҳайи Лакнавӣ мебошад, ки то ҳол осори гаронарзишаш дар донишгоҳу донишкадаҳои улуми исломӣ ҳамчун китоби дарсӣ дарс дода мешаванд.

ФАЗОИЛИ ШАБИ ҚАДР.....?

Шаби қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат мебошад. Дар китоби “Тарҷумону-л-қуръон”-и ҷурҷонӣ “шаби қадр шаби андоза кардани корҳо” гуфта шудааст. Соҳиби “Кашшофу истилоҳоти-л-фунун” оварда: “Шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад”. Дар “Ат-Тафҳим”-и Берунӣ омада: “Ва андар моҳи Рамазон Лайлатулқадр аст, он-к ҷалолати ўро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷўянд”.

Страницы

Яндекс.Метрика