Мақола

Меҳргон - суннати неки ниёгон

Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи деҳқон мебошад. 

 

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми дуввум)

Чи тавре, ки дар мақолаи пешин зикр гардид вобаста ба андешаҳои шогирдони Абўҳанифа ҳамаинро бояд қайд намуд, ки пайвандгари ин андешаҳои бузургон танҳо ҳамнишиние, ки андешаҳои якдигарро бо ҳам ошно месохт набуд, балки шогирдӣсипас ҳамнишинӣ, сипас омўзиши афкори якдигар чунин аҳволро водор намуд, ки бо вуҷуди мувофиқату мухолифат, ба асосҳову усулҳои ягона анҷом ёбанд . Он асосҳое, ки Абўҳанифа (р) аз рўи он мерафт, ҳамон асосҳое ҳастанд, ки шогирдонаш дар вақти зиндагии ў, ё пас аз маргаш бо ихтилофи андаке дар баъзе аз ин асосҳо ва татбиқи он пазируфта буданд.

 

«Таърихи Бухоро» - сарчашмаи нодири таърихӣ ва фарҳангӣ

Тоҷикон дар асрҳои миёна дар ҳамаи бахшҳои илм ба дастовардҳои азим ноил гашта, мероси гаронбаҳое ба ёдгор гузоштаанд. Дар қатори шеъру адабиёт ва осори арзишманди фарҳангӣ, мероси гаронбаҳо дар заминаи таърих низ падид овардаанд. Илми таърихнависии тоҷикон дар ҷаҳон маъруф буда, яке аз қисматҳои оно таърихҳони маҳаллӣ мебошад.

ФАЙЗИИ ДАКАНӢ АЛАЙҲИ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Шайх Абулфайз ибни Муборак, маъруф ба Файзии Даканӣ, соли 1547 дар шаҳри Аграи Ҳинд таваллуд шудааст. Аз хурдӣ ба омӯхтани илму дониш мепардозад ва аз илмҳои гуногуни замонаш, аз ҷумла забон ва адабиёти форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фалсафа, ҳайат, тиб, нуҷум ва улуми динӣ, бархӯрдор мегардад. 

 

ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ - ЗАМИНАИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.

Дар таърихи халқи тоҷик ин Иҷлосия ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

Саҳми рўҳониён дар таъмини риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”

Соли равон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим” 15 сол сипарӣ гардид. Ин қонуни сарнавиштсоз имрӯз Тоҷикистони азизро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун баровард. Мардум оҳиста-оҳиста дарк намуданд, ки ин қонун танҳо ва танҳо ба фоидаи худи эшон аст. Бо вуҷуди ин  дар баробари дастовардҳо боз ҳам баъзе норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар татбиќи ќонун ба назар мерасанд. Баъзе нафарон дар ҷомеа то ҳол он ҷашну маросиме, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, ҷузъи фарҳанги худ ҳисобида, ошкору пинҳон ба қонуншиканӣ даст мезананд.

АҲАМИЯТИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - КАМТАР АЗ ЭЪЛОМИЯИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ!

Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст.

Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Натанҳо пизишкӣ, муҳандисӣ ва наққошӣ ҳунар аст, балки зистан низ худ ҳунар аст

Натанҳо пизишкӣ, муҳандисӣ ва наққошӣ ҳунар аст, балки зистан низ худ ҳунар аст.

Ва дар ҳақиқат муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин ва печидатарин ҳунаре аст, ки инсон таҷриба мекунад.

Ҳадафи ин ҳунар, анҷоми кори махсусе нест, балки ҳадафи он зиндагии шоёни таҳсин ва парвариши истеъдодҳои зотӣ аст.

Дар паҳнои ҳунари зистан, инсон ҳам ҳунарманд аст ва ҳам маҳсули ҳунар, ҳам пайкартарош аст ва ҳам санги мармар, ҳам пизишк аст ва ҳам бемор.

Бознашр аз китоби “Инсон барои хештан”

Эйрих Фром

Страницы

Яндекс.Метрика