Мақола

Баъзе роҳҳои ақлӣ ва шаръии мубориза бар зидди ифротгароӣ

Инсон мавҷуде аст, ки ҳам аз отифаҳо ва эҳсосот бархурдораст ва ҳам аз ақл ва идрокоти ақлонӣ. Гароишҳои отифӣ яке аз чизҳои лозимии инсон аст, зеро инсон холӣ аз муҳаббату нафрат нест. Дӯст доштани худ, наздикон, ватан ва ҳар кас ва чизи дигаре, ки аз он нафъе расида бошад, як хусусияти табии инсон аст. Ва дар муқобили ин буғзу кина нисбат ба ҳар кӣ ва ҳар чӣ, ки зарарвар аст, дар вуҷуди инсон мавҷ мезанад.

Мубориза бар зидди ифротгароӣ масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд!

Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароӣ имрӯз ба яке аз бемориҳои умумибашарии дарднок ва сирояткунанда табдил ёфтааст. Ин беморӣ умумибашарӣ ва дарднок аст, зеро ҳар фарди солимақли ҷомеаро нороҳат мегардонад. Ҳамзамон ин бемории мудҳиш сирояткунанда низ маҳсуб меёбад, зеро вай ба наслҳои  нави ҷомеа ба таври муттасил интиқол ёфта истодааст. Аз ин нуқтаи назар ин беморӣ хеле хатарнок ва даҳшатангез ба ҳисоб меравад ва бар зидди он муборизаи оқилона, нақшавӣ ва ҳадафмандона бурдан амали зарурӣ ва ногузир буда, кафили зиндагии орому осудаи аҳли ҷомеа дониста мешавад.

Омилҳои асосии тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он

Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамоянд, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маъмул буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.

ИҶҲОЗИ ҶАНИН (ИСҚОТИ ҲАМЛ) АЗ ДИДГОҲИ ФИҚҲИ ИСЛОМӢ

Иҷҳоз дар луғат ба маънои исқоти ҳамл ва ноқисулхилқат (нотамом) ва ё ноқисулмуддат (пеш аз вақт) партофтани ҷанин аст. Корбурди он дар истилоҳи шаръ низ аз ин маъно берун набудааст.

МАНУ МО СИПАРИ ТОҶИКИСТОНЕМ. БО ВАТАН, БО ХАЛҚИ ХУД, БО САРВАРИ МЕҲАНПАРАСТ!

Ба андешаи мо, инсоният ва сайёраи Замин тули мавҷудият ва ҳастии худ ҳаргиз ба чунин вартаи муҳлик, хатарбору хатарзо, номуайяну баённопазир ва пешгӯинашаванда рӯбарӯ наомада буд. Мудҳиш он аст, ки ин таҳдид ва хатарҳо бар сари инсоният баякборагӣ аз чор сӯ чу бодҳои нобаҳангом қасди вазидан доранд.

РОҒУН - РАМЗИ ИТТИҲОД

Сиёсатмадори маъруфи рус, нависанда, публисист ва журналист Александр Проханов, ки аз майдони сохтмони НБО Роғун дидан карда, пас аз бозгашт ба Москва дар рӯзномаи «Завтра» таҳти унвони «Парвози Роғун» («Рогунский взлет») мақола нашр намудааст. Публитсисти машҳур Александр Проханов дар мақолаи худ НБО-и Роғунро самари ниятҳои бузург ва қувваи бузурги ҳаётбахш номида, аҳамияти онро махсусан такд намудааст. Аз ҷумла, ӯ навиштааст, ки «НБО - и «Роғун» касро бо зебоӣ ва мураккабиаш тасхир мекунад. Ҳазорҳо коргар бо меҳнати шабонарӯзӣ ин зебоӣ ва тавоноиро бунёд мекунанд.

ТАЪСИРИ АШЪОРИ МАЛАКУТИИ ХОҶА ҲОФИЗ ДАР АНДЕШАҲОИ АЛЛОМА ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз ҷумлаи мутафаккирони поёни асри XlX ва аввали асри XX -и Машриқзамин ба шумор рафта, дар таърихи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳ ва мақоми шомиху баландеро сазовор мебошад. Истеъдоди фавқулодда ва осори гаронбаҳои у дар тамаддун ва фарҳанги исломӣ нақши боризе дорад. Вай бо ашъори шӯрангезаш, ки бо ду забон; урду ва форсии тоҷикӣ суруда шудаанд, рӯҳи моҷароҷӯёнаю озодихоҳонаи Носири Хусрав, Мавлоно Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдиро дар замири шарқиён зинда кард.

Омили динӣ дар филмсозии ҷаҳони муосир ё муборизаҳои идеологӣ дар ҳунари филмсозӣ)

Мушоҳидаҳову баррасиҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар сӣ соли охир раванди ба ҳунари филмсозӣ ворид гаштани мазмунҳои динӣ ва мазҳабӣ ва бо ин восита таблиғи фарҳанги динӣ ру ба афзоиш аст. Дар баъзе кишварҳо (назири ИМА, Фаронса, Русия ва Италия) бештар ба тарвиҷи андешаҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ аҳамият дода мешавад. Филмсозони ҳиндӣ, ки пешсафи ин самт дар Осиё шумурда мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дар бештари филмҳо маросимҳои ибодӣ ва анъанаҳои мазҳабиро низ фаромӯш накунанд.

Страницы

Яндекс.Метрика