ГУЛШАНИ АДАБ

ҒАЗАЛИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛУДАШОН.

ГУЛИ СУРХ

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,
Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам.

Меҳнати гетӣ ба талхӣ кай рабудӣ ҷони ман,
Бӯсае гар аз лаби исодаме медоштам.

Менашуд як лаҳза фориғ ёр аз ғамхориям,
Булҳавасосо на гар тоби ғаме медоштам.

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам!

Хотами Той ва қиссаи модару бародараш...

Вақте ки Хотами Той аз дунё рафт, бародараш хост ҷойи ӯро бигирад. Ҳотам саройе сохта буд, ки ҳафтод дар дошт.Ҳар касе аз ҳар даре ки мехост ворид мешуд ва аз ӯ чизе талаб мекард ва Ҳотам ато мекард. Бародараш хост дар он макон биншинад ва худро мисли Ҳотам нишон бидиҳад.
Модараш гуфт: Ту наметавонӣ ҷойи бародаратро бигирӣ, беҳуда худро ба заҳмат маяндоз!!

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...

❗Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.
Қалам гӯяд, ки асбоби шарифам,
Ба ҳар дасти зарифе ман зарифам.
Қалам гӯяд, ки инсонро азизам,
Ба дасти покдил афтам тамизам.
Қалам гӯяд, ки инсонро яроқам,
Яроқи иттифоқам ҳам нифоқам.
Агар афтам ба дасти ҳақшиносон,
Зи рӯи ҳақ кунам хизмат ба инсон.
Мусаххар бо сухан созам ҷаҳонро,
Намоям маҳрами дилҳо забонро.
Муҳаббатро, садоқатро сароям,
Ба ҳам пайванд ҷонҳоро намоям,
Намоям фарқ гулҳоро ман аз хор,

МАВЛОНО ЧӢ ЗЕБО ГУФТААСТ

"Ҳар тане ки дар ӯ илм нест, чун шаҳрест, ки дар он об нест, ва ҳар тане ки дар ӯ паҳрез нест, чун дарахтест, ки бар он бор нест ва ҳар тане ки дар ӯ шарм нест чун дегест, ки дар ӯ намак нест, ва ҳар тане ки дар ӯ ҷаҳд нест чун бандаест, ки вайро Худованд нест".

"Суханони пурҳикмат аз Шамси Табрезӣ".

Гирдоварандаи мавод: А.Қодирӣ

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Ё Раб, ин навдавлатонро бо хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон
Медиҳанд обею дилҳоро тавонгар мекунанд.

Инсон худаш оинаи як Каъба аст

Ҳам масҷиду, ҳам Каъбаву, ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед нури Худо дар дили хонаст.

Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?

Ингуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаю мо сер бихобем.

Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нест?

Бархезу каме Каъбаи омоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.

Тасвири Худо пушти ҳамин кӯҳнаниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.

ҒАЗАЛҲО АЗ НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

⚠️Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро?!

⚠️Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон,
Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро!

⚠️Улфатӣ дорад хаёли мори гесӯяш ба дил,
Ганҷ бисёр аст, гӯё, хоки ин вайронаро!

⚠️Аз сари савдои зулфи ӯ чӣ сон созам гузар,
Эй фусунгар, бо кӣ мегӯӣ ту ин афсонаро?!

⚠️Бо нигоҳе кулбаи эҳзони мо обод кун,
Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро.

⚠️То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро!

БАЙТҲОИ ПАНДУ АХЛОҚӢ АЗ ФАРИДУДДИН АТТОРИ НИШОПУРӢ

⚠️Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом!

⚠️Бирав, савдои беҳуда мапаймой!
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!

⚠️Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд,
Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд!

⚠️Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гуй бо мардум калом!

⚠️Ҳар кӣ бошад туршруй,
Дӯстон аз вай бигардонанд руй!

⚠️Ҳар кӣ ӯро маърифат хосил нашуд,
Ҳеч бар мақсуди худ восил нашуд!

⚠️Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Ахли ақлу илмро дорад азиз!

Страницы

Яндекс.Метрика