ГУЛШАНИ АДАБ

Андарзҳои Амир Кабир

Агар нияти яксола доред гандум бикоред.
Агар нияти даҳсола доред дарахт бикоред.
Агар нияти садсола доред одам тарбият кунед!

Баргардон аз форсӣ

Тадвинкунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Абу алӣ Ибни Сино

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард.

В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,
Ҳама қудурати дилро сафо тавони кард.

Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард.

В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.

Валекин ин амали раҳравони чолок аст,
Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард?

На дасту пои амалро фурў тавонӣ баст,
На рангу бўи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард.

Ид омаду Ид омад в-он бахти саъид омад

Ид омаду Ид омад в-он бахти саъид омад,
Баргиру дуҳул мезан, к-он моҳ падид омад.

Ид омад, эй Маҷнун, ғулғул шунав аз гардун,
К-он мӯътамиди Садра аз Арши маҷид омад.

Ид омад раҳҷӯён, рақсону ғазалгӯён,
К-он қайсари маҳрӯён з-он қасри машид омад.

Сад маъдани доноӣ маҷнун шуду савдоӣ,
К-он хубию зебоӣ бе мислу надид омад.

З-он қудрати пайвасташ Довуди набӣ масташ,
То мум кунад дасташ, гар сангу ҳадид омад.

Ид омаду мо бе ӯ идем, биё, то мо,
Бар ид занем ин дам, к-он хону сарид омад.

АЛВИДОЪ

Эй маҳи хоси Худо, моҳи сафо,
Моҳи меҳру шафқату лутфи Худо.
Рӯзу шаб пайваста дорем илтиҷо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

Меравад моҳи шариф аз ҷамъи мо,
Мешавад моҳи сахо аз мо ҷудо,
Тоқати ҳиҷраш надорем, ай Худо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

Моҳи файзу моҳи эҳсону сахо,
Моҳи раҳмат моҳи авфи ҳар хато.
Аз самими қалб месозем дуъо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

"РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ"

Дар таърихи насри ирфонии форсу тоҷик чандин осори мӯътабаре мақом ва ҷойгоҳи хосе доранд, ки миёни онҳо "Рисолаи қушайрия" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми насри сӯфиён ба шумор меравад.

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!
Дидӣ ҳунари хӯрдан? Бингар ҳунари Рӯза!

Он шоҳи дусад кишвар тоҷет ниҳад бар сар
Барбанд миён зудтар, к-омад камари Рӯза!

З-ин олами чун сиҷҷин барпар сӯйи ъаллийин,
Бистон назари ҳақбин зуд аз назари Рӯза!

Эй нуқраи боҳиммат дар курраи ин муддат
Оташ кунадат хидмат андар шарари Рӯза!

Рӯза нами Замзам шуд, дар Исии Марям шуд
Бар торуми чорум шуд, ӯ дар сафари Рӯза!

Ку пар задани мурғон? Ку парри малак, эй ҷон?
Ин ҳаст пари чина! Он ҳаст пари Рӯза

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,
Пештар з-он, ки шавад косаи сар хок андоз.

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё, ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!

Ба сари сабзи ту, эй сарв, ки гар хок шавам,
Ноз аз сар биниҳу соя бар он хок андоз!

Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,
Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!

Мулки ин мазраа донӣ, ки суботе надиҳад,
Оташе аз ҷигари ҷом дар амлок андоз!

"Тазкирату-л-авлиё"-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Шайх Аттори Нишопурӣ (1145-1221) дар таърихи адабиёт на танҳо чун орифи номвар, балки яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти сӯфия ва муаллифи осори фаровони ирфонӣ шинохта шудааст.

Страницы

Яндекс.Метрика