ГУЛШАНИ АДАБ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Ба фиғон на лаб кушудам, ки фиғон асар надорад,
Ғами дил нагуфта беҳтар, ҳама кас ҷигар надорад.

Чӣ ҳарам, чӣ дайр, ҳар ҷо сухане зи ошное,
Магар ин ки кас зи рози ману ту хабар надорад.

Чӣ надиданист ин ҷо, ки шарар ҷаҳони моро,
Нафасе нигоҳ дорад, нафасе дигар надорад.

Ту зи роҳи дидаи мо ба замири мо гузаштӣ,
Магар ончунон гузаштӣ, ки нигаҳ хабар надорад.

Кас аз ин нигиншиносон нагузашт бар нигинам,
Ба ту месупорам ўро, ки ҷаҳон назар надорад.

Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем...

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Шароби арғавониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Чу дар даст аст уде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Яке аз ақл мелофад, дигар томот мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.

Ҳикмати шаб:

Аз пирамарди доное пурсиданд:
То Биҳишт чиқадар роҳ аст?
Гуфт: - Як қадам.
Гуфтанд: - Читавр?
Гуфт: - Як поятро рӯйи нафси шайтонӣ гузоштӣ, пойи дигарат дар Биҳишт аст.
Хазинаи маърифат

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

ҲУРМАТИ ПАДАРУ МОДАР!

Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун!

Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки дигар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.

Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.

Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ.

✍️ НОСИРИ ХУСРАВ.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки подшоҳ Қубод рӯзе дар шикор аз лашкар ҷудо афтод ва ҳаво гарм шуду ӯ аз ташнагӣ бетоқат гашт. Ҳар тараф менигарист ва сояву сарчашмае металабид. Ногоҳ аз дур сиёҳие намуд ва маркаб бад-он тараф ронд. Хаймаи кӯҳнае дид дар миёни бодия зада ва пиразане бо духтари худ дар сояи он нишаста. Чун Қубод бирасид, он зан аз хайма берун давид ва инони маркабашро гирифта фуруд овард ва моҳазаре, ки дошт, ҳозир кард. Қубод таоме хӯрд ва обе биёшомид. Хоб бар ӯ ғалаба кард ва лаҳзае биёромид.

ҚАСИДАИ ШИКОЯТ АЗ ПИРӢ

❗Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.
Сапеди симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатра борон буд!
Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт
Чӣ наҳс буд, ҳамоно ки наҳси Кайвон буд!
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигӯям: қазои Яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирди гардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирд гардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.

СУХАНОНИ ҲИКМАТАНГЕЗ АЗ МУҲАММАД ҲИҶОЗӢ

1. Ба ақл зиндагӣ кунему бо дил хуш бошем.

2. Барои фикр кардан бояд аввал дилро аз кинаю бадӣ пок кард.

3. Бинои зиндагӣ бар тақлид аст, аммо ҳунарманд бояд аз тақлид бипарҳезад.

4. Танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст.

5. Ақли ноқис аст, ки миёнаи дилҳоро ба ҳам мезанад.

6. Агар ақл комил шуд, дил бад-ў таслим мешавад.

7. Ҳар кас метавонад ҳар рўз худро беҳтар аз дирўз бисозад.

8. Агар бояд рашк бурд, ба касе рашк бибарем, ки хушбахт аст.

9. Ҳар ҷо ду нафар бошанд, яке ҳоким аст, дигаре маҳкум.

ҲАР КАС ҶАВҲАРИ ИЛМ АСТ, ВОЛОГАВҲАР АСТ

ДАР ВАСФИ ҲАЁТ, ЗИНДАГӢ

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Фурсати умр азиз аст, азизаш дорӣ,
Ҳар нафас гавҳари ноёб, ту арзон мафурӯш.

☆☆☆☆☆

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
УМАРИ ХАЙЁМ

Насиҳатат кунамат бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир!
САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Страницы

Яндекс.Метрика