ГУЛШАНИ АДАБ

Ҳофиз, асрори Илоҳӣ кас намедонад, ҳамуш!

Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурруват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гӯйи тавфиқу каромат дар миён афкандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?

Аз силсилаи "Аксҳои таърихӣ"

Се шахсияти бузурги фарҳанги навин, устодони сухан ва меҳанпарастони асилу фидоии илму адаби тоҷик: Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Абулқосим Лоҳутӣ.
Ёдашон ба хайр.

Аз "Панднома"-и шайх Аттор

Бар сари болини беморон гузар,
З-он, ки ҳаст ин суннати хайрулбашар.

То тавонӣ ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб кун.

Хотири айтомро¹ дарёб низ,
То туро пайваста Ҳақ дорад азиз.

Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши Ҳақ дар ҷунбиш ояд он замон.

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дӯзахаш бирён кунад.

Он, ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Ҳар кӣ асрорат кунад фош, ай писар,
Аз чунон кас дур мебош, ай писар.

Лев Толстой...

Он отказался от Нобелевской премии, ненавидел деньги и выступал на стороне крестьян. Таким его не знал еще никто.
Его имя — Лев Толстой.

ПӮСТИНИ КӮҲНА

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Аёз ном ғуломе дошт, ки дар аввал чӯпон буд.

Вақте дар дарбори Султон Маҳмуд кор мекард, ба василаи садоқати фавқулоддаи худ ба хоҷааш ва ақли расояш то ба мансаби вазирӣ расид.

Ӯ ҳамеша чоруқу пӯстини даврони камбағаливу ғуломии худро ба девори як хонааш, ки дар канори ҳавлӣ буд, овехта монда буд.

Ҳар рӯз субҳ ба он хона даромада, аз бадбахтиву тангдастии худ ёд меоварду баъд ба дарбор мерафт. Ў дари ин хонаро доим қулф мезад.

Мо зи ғафлат раҳзанонро корвон пиндоштем...

Мо зи ғафлат раҳзанонро корвон пиндоштем,

Мавҷи реги хушкро оби равон пиндоштем.

Шаҳпари парвози мо хоҳад кафи афсӯс шуд,

К-аз ғалатбинӣ қафасро ошён пиндоштем.

То варақ баргашт, маҳзарҳо ба хуни мо навишт,

Чун қалам онро, ки бо худ якзабон пиндоштем.

Баски чун Мансур бар мо зиндагонӣ талх шуд,

Дори хуношомро доруламон пиндоштем.

Беқарорӣ бас, ки моро гарми рафтан карда буд,

Каъбаи мақсудро санги нишон пиндоштем.

Наш'аи савдои мо аз бас баланд афтода буд,

Ҳар ки санге зад ба мо, ратли гарон пиндоштем.

Адаб ва эҳтиром инсонро султон хоҳад сохт

Сукут, адаб ва эҳтиром инсонро ҳар онҷо, ки равад, як султон хоҳад сохт .

Мавлоно

ЯК ҲИКОЯТ АЗ ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ:

Овардаанд, ки дар шаҳре аз билоди ислом чанд шабонарӯз муттасил борон омад, ба масобае, ки корҳо бар мардумон душвор шуд ва роҳи омад шуд фурӯбаста гашту манзилҳо рӯй ба вайронӣ ниҳод ва дағдағае дар хотири хурду бузург афтод. Ва мунаҷҷимон мегуфтанд, ки аз фитроти фалакӣ истидлол метавон кард, ки тамоми ин шаҳр ба воситаи касрати об хароб хоҳад шуд. Мардумон дил аз хонумон бардоштанд ва ҷазаъу фазаъ дар халоиқ афтод. Ва чун кор аз ҳад гузашт ва тоқат тоқ шуд, руҷӯъ ба султон карданд ва ӯ марди одилу покизасират буд.

Страницы

Яндекс.Метрика