ГУЛШАНИ АДАБ

Расми дунё дар ҳамин аст, онки омад рафтанист...

Расми дунё дар ҳамин аст, онки омад рафтанист,

Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист.

То тавонӣ халқро аз худ маранҷон бо сухан,

Онки болотар нишинад, охираш афтоданист.

Умри ҷонат гарчи умри Нӯҳ ҳам бошад вале,

Шишаи умри гиронам оқибат бишкастанист.

Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост,

Хирқаи зар ҳам бипӯшӣ, симу зар нобурданист.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

НАСИҲАТИ ПАДАР ДАР ГӮШ

“Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон, одам шав! Лекин қозӣ, раис ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!”

Насиҳати Сайидмуродҳоҷа ба писараш Садриддин

Дар акс: Устод Садриддин Айнӣ бо фарзандонашон.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

ШАРМУ ҲАЁ ЗИНАТИ ИНСОН АСТ

Ҳар шахсе, ки бо шарму ҳаё аст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва фарҳангу ҳунар бархурдор аст.

Ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси бошарму ҳаё буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад.

Шарму ҳаё ба зебогии духтарон ҳусни дучанд зам намуда, онҳоро боз ҳам зеботару дилкаш месозанд.

Аз ин рӯ, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд.

Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд.

РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ ШОИРИ ФОРСУ ТОҶИК - САЪДИИ ШЕРОЗӢ ХУҶАСТА БОД!

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ, равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам.

ОМӮЗИШИ ИЛМ БАРОИ ҲАМАИ СОҲИБДИЛОН ВОҶИБ АСТ

«Ба даст овардани илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб ва зарур аст.
Илм зидди ҷаҳолат аст ва нодонӣ аз хосиятҳои торикист.
Нодонӣ мисли кӯрӣ ва торикист, дар ҳоле ки илму дониш дидаи биност».
Абӯалӣ ибни Сино.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

❗Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.
То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд,
То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд.
Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,
Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме бе об буд.
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар:
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Бухоро бохабар буд мардум аз дунё агар,
Аз Алӣ буд бохабар, аз Бӯалӣ буд бехабар.

ДӮСТИ ЗИЁНКОР...

❗Дӯстат бошад зиёнкор, ай писар,
Ту тамаъ з-он дӯст бардор, ай писар.
Ҳар кӣ мегуяд бадиҳои ту фош,
Дӯст машмораш бад-ӯ ҳамдам мабош.
Дӯсти ҳаргиз макун бо бодахор,
Аз чунин кас хештанро дур дор.
Мӯъмине гар мекунад тарки закот,
Дур аз вай бош, то дорӣ ҳаёт.
Дур шав з-он кас кӣ хоҳад аз ту суд,
Гар сари худ бар қадамҳои ту суд.
Ай писар, аз судхӯрон кун ҳазар,
Хасми эшон шуд Худои додгар.
Он кӣ аз мардум ҳамегирад рибо,
Зинҳор ӯро магӯйи марҳабо.
✍️Фаридуддини Аттор.

Аз як ҳаким пурсиданд:

❗Аз як ҳаким пурсиданд:
- Чаро камбағалон нисбат ба сарватмандон дӯстона ва камтар бахиланд?
- Аз тиреза ба берун нигоҳ кунед, чӣ мебинед?
- Мебинам, ки бачаҳо дар саҳни ҳавлй бозй мекунанд.
- Акнун ба оина нигаред.
- Дар он ҷо чӣ мебинед?
- Худам.
- Мебинӣ. Ҳам тиреза ва ҳам оина аз шиша сохта шудаанд, аммо агар шумо каме нуқра илова кунед, шумо аллакай танҳо худро мебинед!

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика