ГУЛШАНИ АДАБ

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад...

Он кас, ки бидонаду бидонад , ки бидонад ,
Асби шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад .

Он кас, ки бидонаду надонад , ки бидонад ,
Бо кузаи об аст, вале ташна бимонад .

Он кас, ки надонад ва бидонад , ки надонад ,
Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад .

Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад ,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад .

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад ,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад .

Таҳиякунадаи мавод:
А.Қодирӣ

ХУДО ГАР ПАРДА БАРДОРАД ЗИ РӮИ КОРИ ОДАМҲО ...

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо,
Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.
Шабе дар кунҷи танҳоӣ миёни гиря хобам бурд,

"Пирӯзнома "-и Абӯали Ибни Сино

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:
- Он ки неъмати дунё ба уқбо (он дунё) нагузинад!
Гуфтанд:
- Тавонгартар кист?
Гуфт:
- Он ки аз ақл тавонгартар аст!
Гуфтанд:
- Шараф чист?
Гуфт:
- Воҷиб гардонидани миннатҳои хеш дар гардани мардумон!
Гуфтанд:
- Чист, ки онро ҷўянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
- Оқибати корҳо!
Гуфтанд:
- Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
-Ҳасад!
Гуфтанд:

ШОҲИ ОДИЛ

Анӯшервон яке аз шоҳони Эрони бостонӣ буда, ҳар сол дар рӯзи Наврӯз барои мардум зиёфат ташкил мекард. Таомҳо ба зарфҳои қимматбаҳо пешкаш мешуданд.

Дар байни онҳое, ки ба зиёфат омада буданд, як камбағале низ буд, ки дар зиндагӣ душворӣ мекашид.

Ба худ гуфт:
— Агар як табақро аз ин ҷо бурда фурӯшам, аз эҳтиёҷоти зиёд халос мешавам. Умедворам, ки шоҳ ин гуноҳи аз ноумедӣ содиркардаамро мебахшад. Вай яке аз зарфҳои қиматбаҳоро миёни либосаш печонд.

Анӯшервон хомӯш буд, ҳарчанд ӯ меҳмонро назорат мекард.

Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз !

❗Гуфтам: «Ғами ту дорам». Гуфто: «Ғамат сар ояд»,
Гуфтам, ки: «Моҳи ман шав». Гуфто: «Агар барояд».
Гуфтам, ки: «Куфри зулфат гумроҳи оламам кард»,
Гуфто: «Агар бидонӣ, ҳам ӯ-т раҳбар ояд».
Гуфтам: «Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз»,
Гуфто: «Зи моҳрӯён ин кор камтар ояд».
Гуфтам, ки: «Нӯши лаълат моро ба орзу кушт»,
Гуфто: «Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд».
Гуфтам: «Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?»,
Гуфто: «Магӯй бо кас, то вақти он дарояд».
Гуфтам, ки: «Бар хаёлат роҳи назар бибандам»,

БОВАРӢ

Марде шутурашро фурӯхт. Харидорон шутурро барои забҳ ба кушхона бурданд. Шутур ба он хона надаромад. Вай норозӣ шуда, ҳатто қадам ҳам нагузошт. Ҳама кӯшишҳо бефоида шуданд.

Шахси ботаҷриба омада соҳиби шутурро даъват кард ва гуфт, ки шутурро танҳо ӯ метавонад ба кушхона барад.

Табиист, ки соҳиби шутур омад, ресмонро дошта, оҳиста-оҳиста ба сӯйи хона кашид. Шутур ҳам оромона роҳ рафтан гирифт ва ба кушхона даромад. Қассобҳо дарҳол кордҳои худро омода карда, хостанд шутурро забҳ кунанд.

Аммо соҳиби шутур ба онҳо гуфт:

ҲИКОЯТ АЗ "НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК"- МУҲАММАД ҒАЗЗОЛӢ

Ба рӯзгори Нӯшервони одил марде аз марде замине харид. Ва андар он ҷо ганҷе ёфт. Зуд ба наздики фурӯшанда шуду ӯро хабар дод. Гуфт: «Ман туро замин фурӯхтам ва аз ганҷ хабар надораму надонам. Он чи ёфти туро муборак бод». Гуфто: «Нахоҳам ва дар моли касон тамаъ накунам». Ва бад-ин маъни доварӣ миёни эшон дароз бибуд ва пеши малики одил Нӯшервон рафтанд ва ҳол боз гуфтанд. Нӯшервонро хуш омад. Гуфт: «Шуморо фарзандон ҳастанд?». Яке гуфт: «Ман писаре дорам». Ва дигаре гуфт «Ман духтаре дорам».

Рӯҳи ман Шоҳнома асту ҷисму ҷонам порсист!

Лаҳҷаам дурри дарӣ, аммо забонам порсист,
Рӯҳи ман Шоҳнома асту ҷисму ҷонам порсист.
Аз табори Рустаму аз зодгоҳи Орашам,
Тирҳоям вожагунасту камонам порсист.
Ин забони воҳид, ин паҳнои фарҳанги сутург,
Гунг агар ман хоб дидам, тарҷумонам порсист.
Ин забони Рӯдакиву Мавлавиву Ҳофиз аст,
Ин ҷунуни ишқ дар хуну рагонам порсист.
Мавлавивор дӯст дорам ин забони Шамсро,
Ин забони шеъру мантиқ дар даҳонам порсист.
Ҳар куҷо дар ман ниҳоли дӯсти биншондаанд,
Боғи сулҳу оштиам, боғбонам порсист.

Страницы

Яндекс.Метрика