Китобхона

Ҳикояи Дарвеш аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ

Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд, сангро нигоҳ ҳамедошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омаду дарчоҳ кард. Дарвеш андар хашм омаду санг дар сараш кўфт.

Гуфто:

Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ?

Гуфт:

-Ман фалонам ва ин ҳамон санг аст, ки дар фалон таърих бар сари ман задӣ.

Гуфт:

-Чандин рўзгор куҷо будӣ?

Гуфт:

Аз ҷоҳат меандешидам, акнун, ки дар чоҳат дидам,
фурсат ғанимат донистам.

Носазоеро, ки бинӣ бахтиёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.

ҲИКОЯИ ДУЗД

Дузде ба хонаи подшоҳе нақб зад ва ҷавоҳири гаронбаҳо бардошт. Назараш ба резае афтод, ки мисли алмос медурахшид. Дузд дар он шаби тор онро гавҳари шабчироғ тасаввур карда ҷиҳати имтиҳон бар даҳон гузошт. Маълум шуд, ки намак аст. Филҳол молро ҳамон ҷо бигзошт ва бо як биниву ду гўш роҳи хонаро гирифт.

Субҳ хизоначиён омаданд ва ба ҳузури подшоҳ зоҳир
карданд, ки дар хизона дуздон омада буданд ва молу
ҷавоҳир бардошта, аммо бозгузорида тиҳидаст рафтаанд.

Подшоҳро аҷаб омад ва гуфт

“Оё одам тилло мехӯрад?”

Вақте Искандари Мақдунӣ тамоми ҷаҳонро ба тасарруфи худ даровард ва ба Чин расид, императори Чин ҳангоми маросими қабул ба ҷойи ғизо лаълии пур аз тилло ва ҷавоҳирот овард. Искандар дар ҳайрат монд ва пурсид: “Оё одам тилло мехӯрад?” Император ба ӯ посух дод: “Агар ту бо ғизо қаноат мекардӣ, василаи мавҷудияти худро ба осонӣ дар кишвари худ меёфтӣ. Ин лашкаркашиҳо, забткориҳо ва кушторҳо барои ту чӣ лозим аст?
Чӣ қадар одам барои аз тилло пур кардани хазинаи ту сару ҷон бохтаанд?”

Аз "Таърихи табарӣ "

Аз "Гулистон"-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ

Ҳакиме писаронро панд ҳаме дод, ки "Эй ҷонони падар ҳунар омӯзед, ба молу давлати дунё эътимод нашояд, симу зар дар сафар маҳаллӣ хатар аст, ё дузд ба якборагӣ бубарад, ё хоҷа ба тафориқ бихурад. Аммо ҳунар давлати поянда ва чашмаи зояндааст.

Агар ҳунарманд аз давлат биафтад ғам набошад, ҳунар дар навбати худ давлат аст. Ҳунарманд, ҳар ҷо ки равад қадр бинад ва дар садр нишинад, беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Қитъа:

Ҳикояи гург ва хар

Улоғ (хар) гуфт:
Ранги алаф қирмиз (сурх) аст!!!
Гург гуфт:
На сабз аст!!!
Бо ҳам рафтанд пеши султони ҷангал, яъне шер ва моҷарои ихтилофро гуфтанд...
Шер гуфт: Гургро зиндонӣ кунед. Гург гуфт:
Эй султон магар алаф сабз нест?
Шер гуфт: Сабз аст, вале далели зиндонӣ кардани ту, баҳс карданат бо улоғ аст...

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Рӯзи китоб муборак !

Утоқи бидуни китоб, ҳамчун бадани бидуни рӯҳ аст.
Ситсерон , сиёсатмадор ва файласуфи Рӯмӣ.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Ҳеҷкасро ҳеҷ ҷо расво макун!

Ишкро бе маърифат маъно макун,
Зар надорӣ мушти худро во макун.

Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.

Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.

Дил шавад равшан зи шамъи эътироф,
Бо кас арбад кардаи ҳошо макун.

Эй ки аз ларзидани дил огаҳӣ,
Ҳеҷкасро ҳеҷ ҷо расво макун.

Зар ба дасти тифл додан аблаҳист,
Ашкро назри ғами дунё макун.

Пайрави хуршед бо оина бош,
Ҳарчи урён дидаи ифшо макун.

Мавлоно Ҷ. Румӣ

САБАБҲОИ АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН ДОНИСТА ШУДАНИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Барои ба як марказ муттаҳид намудани Хуросону Мовароуннаҳр, таъмин намудани истиқлолияти ҳақиқии давлат, ба низом даровардани сохти идоракунии давлат, таъсиси лашкари доимӣ ва эмин нигоҳ доштани давлат аз ҳуҷуми аҷнабиён, забони тоҷикиро забони расмии давлатӣ эълон кардан ва ба инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овардан, Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати Сомониён дониста шудааст.

Аз китоби Тоҷикон

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Страницы

Яндекс.Метрика