Бойгонии матолиб

20 May 2021

Муносибати давлат ба дин дар даврони созандаи Истиқлолият

Ҳарчанд таҳқиқу шинохти ислом аз ҷониби донишмандони мусулмон ҳанӯз дар асрҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд, вале пайдоиши илмҳои диншиносию исломшиносӣ асосан дар даврони Шӯравӣ оғоз гардидааст. Бо вуҷуди он ки дар самти таҳқиқу омӯзиши ин илмҳо дастовардҳои назаррас арзи вуҷуд кардаанд, аммо ин таҳқиқот  асосан дар партави ҷаҳонбинии материалистӣ, ки заминаи онро назарияи марксистӣ доир ба дин ташкил мекард, сурат мегирифт. Аз ин рӯ, илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар замони Шӯравӣ хусусияти идеологӣ касб карда буданд.

Яндекс.Метрика