Бойгонии матолиб

31 May 2021

Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

Имрӯз дар ҷаҳони Ислом як қатор ҳаракатҳои ифротгароии дар заминаи эътиқоди динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади пиёда сохтани манофеи геосиёсӣ ва геоиқтисодиашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, интиқол ёфтаанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои сиёсӣ-динӣ ҳаракати салафияи ифротӣ мебошад, ки дар зери шиори «исломи ноб» баромад карда, мехоҳад мувозинати динию мазҳабӣ, идеологӣ, вазъи сиёсӣ ва суботу амнияти ҷомеаро ба манфиати қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ вайрон созад.

Дин ва хурофот:умумият ва тафовут

Мавзӯи дин ва хурофот аз ҷумлаи мавзӯъҳои пурбаҳс ва гуногунҷанба дар фазои динии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Аз тарафи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа доир ба ин ду падидаи  моҳиятан як ва зоҳиран мухталиф андешаҳои баҳснок ва аксаран дур аз талаботи илмӣ  иброз мегарданд. Яъне, то ба имрӯз доир ба хурофот андешаи ҳам аз лиҳози мантиқӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ асоснок ва ягона ҳатто аз тарафи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ баён нагардидааст.

Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Норак

Нурулҳақов Қамар  - мудири шуъбаи исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Норак ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вохӯриҳо доир намуданд.

Яндекс.Метрика