Бойгонии матолиб

12 July 2021

Перомуни принсипҳои «Исломи шомил»-и Ҳасани Бано

Аввалан, таассуби шадиди динию тафаккури эътиқодӣ, сониян, ноогоҳӣ аз қонуниятҳои инкишофи ҷомеа дар мафкураи Ҳасани Бано як ҳадафи хаёлӣ ва бепояро эҷод сохтаанд, ки ӯ бояд ҳатман одамонро зери як ғоя (агарчанде ғояи мазкур хато ва татбиқнашаванда бошад ҳам) ҷамъ оварад. Ғояи мазкур сохтани давлати исломии ҳамсони хилофатҳои исломии қарнҳои VII-VIII-ро дар назар дорад. Аллакай дар оғоз барои ҷаҳолати ихвониҳо, салафиҳо ва ҳаммаслакони онҳоро аз дигар ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ собит намудан факти зерини таърихиро аз ҳаёти халифаҳои умавӣ ёдрас менамоям.

Яндекс.Метрика