Бойгонии матолиб

14 July 2021

Баъзе масоили усулии таносуби давлати дунявӣ ва дин

         Масъалаи таносуби дин ва давлати дунявӣ дар низоми сиёсии ҷомеаи мусулмонии муосир, ки таваҷҷўҳ ба дин зиёд буда, дин ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳо ва сиёсатҳои минтақавӣ мебошад, яке аз мавзўъҳои басо муҳим, вале мураккабу баҳснок ба ҳисоб меравад. Доир ба муколамаи дину давлати дунявӣ, таносуби онҳо, баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дину давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тадқиқотҳои  илмӣ ба рўи кор омадаанд.

Иди Қурбон дар Федератсияи Россия (аз ҳаёти динии кишварҳои хориҷӣ)

Тибқи иттилои хабаргузории “Интерфакс”, имсол низ бо сабаби идома ёфтани густариши навъҳои гуногуни вируси сироятии COVID-19 дар қаламрави Федератсияи Россия, Шўрои уламои Идораи рўҳонии мусулмонони Россия тасмим гирифтааст, ки Иди Қурбон дар шаҳри Москва мисли соли гузашта ба тариқи онлайн таҷлил карда шавад. «Намози идона дар шаҳри Москва танҳо дар Масҷиди ҷомеъ бо иштироки имомон, муаззинон ва муовинони муфтӣ  баргузормешавад. Дар дигар масҷидҳо ва инчунин ташкилотҳои динии маҳаллии мусулмонон воқеъ дар шаҳри Москва хондани намози идона тавсия дода намешавад.

Яндекс.Метрика