Бойгонии матолиб

20 September 2021

АЗ МУҲАББАТ ТAЛXҲ0 ШИРИН ШАВАД

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273м.)  аз нобиғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун «худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд». Сулҳу оштӣ, ишқу муҳаббат ба ақидаи Мавлоно қодир аст, «заминро ба осмон хешу табор гардонад». Аз маъруфтарини осори ӯ дар адабиёти тасаввуфии форсу тољик китоби «Маснавии маънавӣ» буда дарбаргирандаи ақидаҳои ирфонӣ мебошад.

ҶОЙГОҲИ МАЪЮБОН ДАР ИСЛОМ

Аслан дар ҷомеаи мо нисбати он нафароне, ки ягон нуқс ё иллат доранд, маъюб гуфта, мешавад, ки аз нуқтаи назари забоншиносӣ он қадар созгор нест, зеро маъюб вожаи арабӣ буда, нисбати шахсе, ки ягон айб дорад, гуфта мешавад, аммо иллат доштан айб нест, зеро ин иллат бо хости худи инсон ба вуқӯъ напайвастааст. Инчунин дар баъзе ҷойҳо нисбати ин тоифа шахсони дорои имконияташон маҳдуд гуфта мешавад. Ин мафҳум низ бо сабаб мавриди писанди банда нест. Аввал ин ки хело дароз аст ва дуюм ин ки дар ҷомеа имкониятҳои ин тоифа хело фарох аст.

Яндекс.Метрика