Бойгонии матолиб

02 November 2021

Такмили дониши сиёсӣ ва динӣ-ҳуқуқии имомхатибон ва воизони дин омили муҳими паст намудани таассуби динии насли ҷавон

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҷомеаи солим аз шахси солимфикр, махсусан ҷавони солимандеша бунёд меёбад. Баръакс, ҳар чӣ қадаре аҳли ҷомеа ҳомили андешаҳои носолим ва кӯҳнаи асримиёнагӣ бошад, ба ҳамон андоза пешрафти ҷомеа душвор гардида, аҳли он дучори мушкилоти мухталифи моддию маънавӣ мегардад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки новобаста аз инкишофи босуръати илму техника дар қарнҳои XX-XXI иддае аз кишварҳои мусулмоннишин то ба имрӯз пойбанди арзишҳои қадимаи асримиёнагӣ боқӣ мемонанд.

Яндекс.Метрика