Бойгонии матолиб

25 November 2021

Сиёсати хориҷии Амрикоро хушбинии бештар мебояд!

Хеле ҷои таассуф аст, ки Вазорати умури хориҷии Амрико сиёсати Амрикоро ҳамчун тарғибгару ташвиқгари принсипҳои демократї дар тамоми ҷаҳон муаррифї менамояд, аммо худ зимни таҳлилу баҳогузории вазъи динї принсипи аз ҳама зарурї – воқеъбинию беғаразиро ба роҳбарї намегирад. Ҷои шубҳае нест, ки Комиссиюни Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии динї, ки  ниҳоди аз тарафи худи онҳо  бетараф  маҳсуб дониста мешавад,  дар асл бетараф набуда, сиёсати геополитики махсусро роҳандозї менамояд. Гумон меравад, ки авзои диниро на диншиносон, балки сиёсатмадорони кишвари зикршуда баҳогузорї менамоянд.

Яндекс.Метрика