ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 30 май маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳарду кишвар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.