Бойгонии матолиб

01 July 2022

Аксари ҷангҳо дар дунё бар сари манният аст на бар сари ҳақиқат!

Мутаассифона бархе аз кишварҳои қудратманд бо ҳадафи тағийри низомҳо ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар кишварҳо баҳсу мунозира ва афкору андешаҳои содиротиро дар ҷомеаҳо ворид месозанд ва ҳадафашон зоҳир шудани ҳақиқат ва ошкор кардани он нест, балки ғалаба бар ҳариф, таҳрифи ҳақиқат ва воруна сохтани арзишҳои як давлату миллат аст..

Онҳо ҳозиранд обрӯи ҳукуматҳоро аз байн бибаранд то манофеашон бо ин васила таъмин шавад!

Абарқудратҳо мехоҳанд кишварҳои ҷаҳони сеюмро ғорат, манмании худро ба исбот ва дигаронро инкор намоянд!

Ақлҳои тавоно идеяҳоро муҳокима мекунанд...

"Ақлҳои тавоно идеяҳоро муҳокима мекунанд. Ақлҳои миёна ҳодисаҳоро. Ақлҳои заиф одамонро." #Суқрот

Имоми Аъзам - Абуҳанифа - устоди ҳамаи имомони аҳли суннат ва ҷамоат аст!

" Имоми Аъзам - Абуҳанифа - устоди ҳамаи имомони аҳли суннат ва ҷамоат аст".
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳикояти марди мӯзадӯз дар мисоли адлу дод бар раият

Амире вакили хешро бихонду гуфт: - Дар Бағдод касеро мешиносӣ  аз мардумони шаҳрӯ бозор, ки ба диноре пансад бо ман муомилат кунад, то вақти муайяне боздиҳам.

 

Ҳамқадами замон

Пас аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, ки гўё дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сарзамини моро тарк карда буд, аз нав вориди кишвари мо гашт ва соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи моро мисли борони файзбори наврўзи оламафрўз рўҳу равони тоза бахшид.

Иди қурбон- иди хайру саховат

Агар маросими ба қурбонӣ омода карда шудани Исмоилро пеши назар оварем, ин маросим танҳо моҳият ва мазмуни дини дораду халос. Вай аслан садоқати Иброҳимро ба Худою омодагии ӯро барои бандагӣ  ифода менамояд. Аммо амали мазкур тадриҷан маънои нави иҷтимоӣ касб намуда, бештар маънои хайру саховатро ифода мекардагӣ шудааст. Аз ин нуқтаи назар, вай то андозаи дар сатҳи фаҳмиши динӣ адолати иҷтимоиро ба роҳ мемонад. Албатта, ҳама гуна амале, ки  табиати  некӣ дорад, кори савоб аст ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта мешавад.

Яндекс.Метрика