Бойгонии матолиб

02 July 2022

Дарсҳои фалсафаи ахлоқ

Инсон фақат ҳангоме хушқалб аст, ки битавонад барои таъмини саодати дигарон амалан иқдом кунад, на инки фақат барои дигарон орзуи хушбахтӣ кунад.

✍ Имонуил Конт

Гирдоваранда:
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ

Аз шайх Ҷунайди Бағдодӣ (р) пурсиданд: Ишқ чист?

Фармуд ҳақиқати онро намедонам аммо марди нобиноеро дидам, ки ба маъшуқи худ гуфт аз ҷони ман чи мехоҳӣ?

Ва маъшуқ гуфт ҷонатро... ва ҳамон дам он ишқ қолаби ҷисмро холӣ кард ва ҷонашро таслим намуд ва даргузашт.

Баргардон аз форсӣ ба хатти сирилик аз шабакаи иҷтимоии " Адаб ва Ирфон"

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Луқмаи ҳалол аз дидгоҳи Мавлоно

Аз назари Мавлоно ҳарчизеро, ки мо мехӯрем ва меошомем дар рӯҳияи мо таъсир дорад ва луқмаи инсон бояд ҳалол бошад.

Луқма танҳо он хӯроке нест, ки аз роҳи даҳан фурӯ мебарем, балки луқмаҳое ҳастанд, ки зеҳну ҷисму ҷони моро низ ғизо медиҳанд.

Мо рӯзона сари дастархонҳои гуногун ва рангоранге бо дӯстону наздикон менишинем ва барои ҷисму ҷонамон рӯзӣ бармедорем.

Мо бояд бидонем он рӯзӣ ва нолае, ки ба ҷисму ҷонамон мерасонем , ҳалол аст ё ҳаром ?

Достони мӯрча ва Сулаймон (а)

Рӯзе ҳазрати Сулаймон (а) мӯрчаеро дар пойи кӯҳе дид , ки машғули ҷо ба ҷо кардани хокҳои пойини кӯҳ буд.
Аз у пурсид: чаро ин ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекунӣ?

Мӯрча гуфт: маъшуқам ба ман гуфтааст агар ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунӣ ба висоли ман хоҳӣ расид ва ман ба ишқи висоли у мехоҳам ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунам.

Ҳазрати Сулаймон (а) фармуд : ту агар умри Нӯҳ ҳам дошта бошӣ, наметавонӣ ин корро анҷом диҳӣ.

Мӯрча гуфт: тамоми саъю талошамро хоҳам кард.

Яндекс.Метрика