Бойгонии матолиб

01 August 2022

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Шӯрои Давлатӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

ШАММАЕ АЗ АДОЛАТИ ХУДОВАНДӢ АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ

Ҳикоят. Мӯсо (салавотуллоҳи алайҳ) ба Тӯри Сино (номи кӯҳе дар нимҷазираи Сино (Миср), ки ҳазрати Мӯсо дар он ҷо бо Худованд мулоқот мекард) бо Худой муноҷот ҳамекард. Гуфт: «Ё Мӯсо, ту марде тунду тезӣ, сабр наметавонӣ кардан». Гуфт: «Ба тавфиқи ту тавонам». Гуфт: «Акнун наздики фалон чашмаи об шав ва баробари ӯ пинҳон бинишин ва назораи қудрат ва илм-ул-ғайби мо кун».

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Иро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.

Тақдими Сипоснома

Имрӯз, 01.08.2022 директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим дар маросими вижа “Сипоснома” - и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистонро дар арафаи таҷлили 20 - солагии мақомоти иҷроияи ҷазои ҷиноятӣ ба муовини Марказ - Наҷотзода Мутеъуллоҳ Абдулқосим дар самти тақвият додани корҳои тарбиявӣ - идеологӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, ки  сарфароз гардонида шуда буд, тақдим намуд. 

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД

Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд: ба ҷаҳон гуруснагии сахттарин пас аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Агар барои ҳалли буҳрони озуқаворӣ тадбир андешида нашавад, инсоният ба гуруснагии оммавӣ, бесуботии сиёсӣ ва муҳоҷирати бенизом мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар ин бора дар изҳороти Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) гуфта шудааст.

Яндекс.Метрика