Бойгонии матолиб

02 August 2022

Иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, ба машқгоҳи ҳарбии Фахробод дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Бардоштҳо аз қиссаи Юсуф ва бародаронаш

Бародарони Юсуф вақте, ки мехостанд Юсуфро ба чоҳ партоянд, Юсуф лабханде кард.
Яҳудо яке аз бародарон пурсид: Чаро механдӣ? Инҷо, кӣ ҷои ханда нест!
Юсуф гуфт:
Рӯзе дар фикри он будам, ки чугуна касе метавонад ба ман душманӣ кунад, дар ҳоле, ки бароарони неруманд дорам, инак Худованд ҳамин бародаронро бар ман мусалат гардонид, то бидонам, кӣ:
"НАБОЯД БА ҲЕҶ БАНДАЕ ТАКЯ КАРД".

Таъсири андешаҳои Мавлоно Румӣ дар афкори Муҳаммад Иқболи Лоҳӯрӣ

Ҷаҳонро бояд ба чашми хирад  нигарист, то аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо кард. Ин буд, ки донишманд ва муфаккири аср Муҳаммад Иқбол авваллин маротиба дар замони таълимоташ дар  Англия ва Олмон аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ  нуши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ паёдо  кард, ки  акнун метавонад андешаҳояшро озоду ободу ором ба шунавадагонаш расонад.

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ИШҚ ВАРЗИДАН ВА РАСМИ ОН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй писар, то касе латифтабъ набувад, ошиқ нашавад. Аз он ки ишқ аз латофати табъ хезад ва ҳар чӣ аз латофат хезад, бешак, латиф бувад, чӣ гуфтаанд: «Ман ашбаҳа абоҳа фа мо залама» («Писар, ки монанди падар бошад, зулме накардааст»). Чун ӯ латиф бувад, ночор дар табъе латиф тавонад овехтан.

Байт

Ин ишқ латиф асту латифӣ хоҳад,

Ҳар ҷо, ки равад, чу худ зарифе хоҳад.

 

Шайтонро пурсиданд, ки кадом тоифаро дӯст дорӣ?!

Шайтонро пурсиданд, ки кадом тоифаро дӯст дорӣ?!
Гуфт: даллолонро
Гуфтанд чаро?
Гуфт: аз баҳри онки ман ба " сухани дурӯғ , аз эшон хурсанд будам!
" савганди дурӯғ " низ бадон афзӯданд".

Убайди Зоконӣ

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Баёнияи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдов дар фурудгоҳи Димишқ

Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва ниҳоду доираҳои дахлдори ин кишвари дӯст парвози мустақимро ҷиҳати баргардонидани занону кӯдакони тоҷик, ки дар урдугоҳҳои Сурия мавҷуданд роҳандозӣ намуд.

Яндекс.Метрика