Бойгонии матолиб

06 August 2022

Имоми Аъзам фароҳам оварандаи заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ дорандаи асолату арзишҳои таърихии миллати тоҷик аст!!

Миллати тоҷик дар ҷаҳон соҳиби тамаддуни бисёр қадима буда, дар арсаи илму фарҳанг донишмандони зиёдеро барои оламиён тақдим намудааст. Фарзандони фарзонаи миллати мо аксаран дар осори бебаҳояшон асосҳои илму фарҳанги замони хешро гузошта, тамаддуни ҷаҳониро ба сатҳи баланд расонидаанд ва худ ба мояи ифтихори башар табдил ёфтаанд.

Дар ҳамин радиф, мо тоҷикон аз кору пайкори бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Имом Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо унвони Имоми Аъзам маъруф гардидааст, ифтихори хоса дорем.

Ин расм намоди иттиҳоди Ҷопониҳост!

Дар Ҷопон дар вақти ҷанг ин ҷавон бародари мурдаи худро ҳамл мекард, то ӯро дафн кунад. Сарбозе мутаваҷҷеҳи ӯ шуд ва аз ӯ хост, ки ин кӯдаки мурдаро бияндозад, то хаста нашавад. Ҷавон посух дод, ки у сангин нест ӯ бародари ман аст. Сарбоз фаҳмид ва гиря кард. Аз он замон ин тасвир ба намоди иттиҳод байни ҷопониҳо табдил ёфтааст. Ай кош ин шиори мо бошад :"Ӯ сангин нест ӯ бародари ман аст "... Ӯ хоҳари ман аст... Агар афтод, ӯро баланд мекунам. Агар хаста шуд, кумакаш мекунам ва агар заъиф шуд аз у ҳимоят мекунам ва ӯ сангин нест.

Аз саҳифаи иҷтимоии интернет

ХУШХАБАР АЗ ЛОНДОН

Дирӯз дар донишгоҳи ОКСФОРД - и шаҳри Лондон ҷамъбасти Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни забони англисӣ баргузор гардид ва хонандаи литсей н.Восеъ Худойқулова Омина соҳиби медали тилло ва ҷойи якум гардид.

Сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастоварди бузургро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба вижа роҳбарияти литсейи н.Восеъ табрику муборакбод мегӯяд.

Қалб боғи зебоест, ки бояд онро аз алафҳои бегона тоза кард!

- қиссаи устоду шогирдон -

ЯК ДАРСИ ХУБИ УСТОД 100 МУШКИЛРО ОСОН МЕСОЗАД

Яндекс.Метрика