Бойгонии матолиб

08 August 2022

Масъулият ва маърифат

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”. Гар чанде нињодњои иљтимои: мактаб ва љомеа дар таълим ва тарбияи кудак наќши муасире дошта бошанд њам, вале оила дар таълиму тарбияи фарзанд наќши мењвариро бозидааст.

 

Муаллимонро дастгирӣ бояд кард!

Мақоми устод баланд аст. Бисёр баланд. Ҳаққи устодро гузаштагон аз ҳаққи падар бештар донистаанд. Ин бесабаб нест. Омӯзгороне, ки аз дил бо сидқ иҷрои вазифа менамоянд дар ин радиф хоҳанд буд. 

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ВОЛИДАЙН ДАР БОРАИ ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД АЗ «БӮСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Чун синни писарбача аз даҳ боло шуд, ба вай бигӯй, ки аз номаҳрамон дуртар бинишинад. Мабодо бепарво шавӣ ва кор аз кор гузарад, ки дигар натавонӣ ҷуброн кунӣ. Мисли касе, ки дар наздикии анбори пунба оташ афрӯхта ва то чашм бар ҳам зад, пунба ва хонаро оташ гирифт ва ба коми худ бурд.

Агар хоҳӣ, ки номи ту ба некӣ пойдор бимонад, бояд ба писарат ақлу хирад биомӯзӣ. Писаре, ки илму дониш надошта бошад, номи падарашро наметавонад зинда нигаҳ дорад ва бо рафтани падараш номаш низ аз байн меравад ва мисли касест, ки фарзанде надошта бошад.

Яндекс.Метрика