Бойгонии матолиб

11 August 2022

Роғун заминаи воқеии иқтисоди сабз ва муҳаррики рушди маънавии халқи мост

(Андешае дар партави мақолаи профессор Э.Насриддинзода)

Ҷойгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар андеша ва осори Иқболи Лоҳурӣ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ яке аз шоирону андешамандонест, ки огоҳии вай аз илму адаб ва андешаҳои аҳли Аҷам дар саросари осораш ҳувайдост. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ҳамин гуна чеҳраҳои маъруф аст, ки Иқбол дар осораш сареҳан аз вай ишора кардааст. Ба ҳарфи дигар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз симоҳои таъсиргузор дар андешаву орои Иқбол будааст ва ин  дар осораш равшан мушоҳида мешавад. Чунончи, ӯ дар маснавии «Ҷовиднома» ба сайри рӯҳонӣ мебарояд ва бо раҳнамоии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба он сӯи афлок, ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмирӣ меравад ва мегӯяд:

Оғози сафар дар шаҳри Конибодом ва ифтитоҳи бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.

Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ШИНОХТАНИ ҲАҚҚИ МОДАРУ ПАДАР АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй писар, ки Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, асбоби насл падид кард дар шаҳвати ҷонвар ва падару модарро сабаби кавни (ҳастии) фарзанд кард. Пас ҳамедун аз муҷиби хирад бар фарзанд аст худро ҳурмат доштан ва тааҳҳуд (нигоҳубин) кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. То нагӯйӣ, ки падару модарро бар ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд на мақсуд ман будам. Ҳарчанд ғараз шаҳват буд, музоифи шаафи (хурсандии аз ҳад зиёд) занон аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан диҳанд.

Ибни Форсӣ мегӯяд...

Қуръон китоби зиндаест, ки зиндагиро ба зиндагон нишон медиҳад.

( Ибни Форсӣ)

Андешаи Алберт Эйнштейн дар бораи китоби Қуръон

Қуръон китоби ҷабр ё ҳандаса нест, балки маҷмӯае аз қавонин аст, ки башарро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад; роҳе, ки бузургтарин файласуфон наметавонанд онро рад кунанд.

Алберт Эйнштейн

Яндекс.Метрика