Бойгонии матолиб

12 August 2022

Ифтитоҳи бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, муаррифии лоиҳаи бунёди иншооти нав ва мулоқот бо ятимони кулли шаҳри Хуҷанд

12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст.

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба масъалаҳои таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ дар назди роҳбарону фаъолони вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ЗАН ХОСТАН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Эй писар, чун зан хостӣ, ҳурмати худро неку дор. Агарчанд чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизе худ аз зану фарзанд дареғ мадор, аммо аз зани басалоҳ ва фарзанди фармонбардору меҳрубон. Ва ин корест, ки ба дасти туст, чунон ки ман дар байте гӯям:

Байт:

Фарзанд чу парвариву зан чун дорӣ,

Бояд, ки ба гуфти оқилон гӯш орӣ.

 

Ҳикояе аз Аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

Ҳикоя

Шахсеро ҳамсояе буд. Дид, ки ўро ҷамъияти вофир ва ҳузуру фароғати мутакосир пайдо шуд. Пурсид, ки:

Фалонӣ, аҳвол ва авзои ту маълум буд, ин молу манол туро аз куҷо ҳосил шуд?

Ҳикояе дар бораи Ҳорунаррашид

Оварданд. ки вақте Ҳорунаррашид хобе дида буд,ки дандонҳои Ӯ рехта буд ва аз даҳон берун афтода. Аз муъаббирс пурсид. 

Гуфт: «Зиндагии амиралмўъминин дароз бод, ки ақрабои ту бимиранд». Ҳорун бағоят биранҷид ва бифармуд, ки Ӯро сад чўб бизананд ва муъаббири дигар ҳозир оваранд ва аз вай пурсид. 

Ў гуфт: «Далел кунад, ки амиралмўъмининро умр дароз хоҳад буд ва дар давлат ва хилофат беш аз ақрабо зиндаги ёбад».

Ҳорунаррашид хушдил шуд, гуфт: «Ҳамон чиз ҳақ аст, ки ӯ гуфт, валекин ин адаб нигоҳ дошт. Ва ба иборае хуб гуфт».

Омили динӣ дар филмсозии ҷаҳони муосир ё муборизаҳои идеологӣ дар ҳунари филмсозӣ)

Мушоҳидаҳову баррасиҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар сӣ соли охир раванди ба ҳунари филмсозӣ ворид гаштани мазмунҳои динӣ ва мазҳабӣ ва бо ин восита таблиғи фарҳанги динӣ ру ба афзоиш аст. Дар баъзе кишварҳо (назири ИМА, Фаронса, Русия ва Италия) бештар ба тарвиҷи андешаҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ аҳамият дода мешавад. Филмсозони ҳиндӣ, ки пешсафи ин самт дар Осиё шумурда мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дар бештари филмҳо маросимҳои ибодӣ ва анъанаҳои мазҳабиро низ фаромӯш накунанд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом

11.08.2022
http://www.president.tj/node/28908

11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

КОНФЕРЕНСИЯИ ХVII ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Конференсияи ХVII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ баргузор гардид.
Дар кори Конфренсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худоберӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ иштирок намуданд.

Яндекс.Метрика