Бойгонии матолиб

13 August 2022

Достони пирамард ва устои телефон...

Пирамарде телефони мобилиашро барои таъмир назди усто бурд.

Баъд аз муддате усто ба назди пирамард омаду гуфт: падарҷон, телефони мобилии шумо солим аст ва ҳеҷ мушкилие надорад.
Пирамард бо садои ғамгин оҳ кашиду гуфт:
Пас, чаро ҳеҷкадоме аз бачаҳоям занг намезанад?

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

ТАЪСИРИ АШЪОРИ МАЛАКУТИИ ХОҶА ҲОФИЗ ДАР АНДЕШАҲОИ АЛЛОМА ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз ҷумлаи мутафаккирони поёни асри XlX ва аввали асри XX -и Машриқзамин ба шумор рафта, дар таърихи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳ ва мақоми шомиху баландеро сазовор мебошад. Истеъдоди фавқулодда ва осори гаронбаҳои у дар тамаддун ва фарҳанги исломӣ нақши боризе дорад. Вай бо ашъори шӯрангезаш, ки бо ду забон; урду ва форсии тоҷикӣ суруда шудаанд, рӯҳи моҷароҷӯёнаю озодихоҳонаи Носири Хусрав, Мавлоно Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдиро дар замири шарқиён зинда кард.

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав❗

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,
Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!
Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,
Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!
Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,
Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!
Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб,
В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!
Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин,
Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!
Луқмаи ширин, ки аз вай хашм ангезад, махур,

Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Гулистон

12 август Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории вазорати адлия ва сохторхои он бунёд карда шуд. Корҳои сохтмонию бинокории бинои маркази адлия дар шаҳри Гулистонро ҶДММ «Чашма»-и шаҳри Панҷакент бо сифати хуб ба иҷро расонидааст.

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест❗

❗Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард!
✍️Абдураҳмони Ҷомӣ.

Бе мураббӣ зери гардун мўътабар натвон шудан!

❗Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона ўро метавон занҷир кард.
Бе мураббӣ зери гардун мўътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кўҳкан таъсир кард.
Беибо натвон ба базми тундхўён по ниҳод,
Бе муҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пойи хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода рўҳи пир кардч
Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.

Яндекс.Метрика