Бойгонии матолиб

26 August 2022

Суҳбати телефонӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.

ТАРҒИБИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, корманди маркази исломшиносӣ Абдулло Қодирӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ва муовини раиси шаҳри Конибодом Ғафурзода Заррина бо аъзои фаъоли ҳизб, ходимон

«САФАРНОМА»-И АҲМАДИ ФАЗЛОН САРЧАШМАИ МУҲИМИ ИСЛОМӢ

Сафарноманависӣ собиқаи дерина дар миёни миллали ҷаҳон, аз ҷумла мусулмонон дорад. Кашишу ҷозибаи дарунии инсонҳо ононро ба сафар кардану ҷаҳонгардӣ водошта, ангезаҳои дигаре чун тиҷорат, сиёсат, дину мазҳаб низ дар ин амр муассир будаанд.  Тавассути сафарномаҳо мардумони он замон аз рӯзгору осори кишварҳои дигар огоҳӣ пайдо мекарданд. Агар бозаргонону сафирони расмӣ танҳо ба гурӯҳи маҳдуд қиссаҳои сафари худро бозгу кунанд, пас афроди донишманду огоҳ бо нигориши хотироту сафаргуфтаҳо донишу басирати ҳамзамонону ояндагонро нисбат ба ҷавомеи инсонӣ фарохтар намудаанд.

Терроризм ва ифротгароӣ: усулҳои амалии муқовимат ба онҳо–баргузории конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи мазкур дар шаҳри Бӯстон як қатор чорабиниҳои ҳадафманди тарғиботию иттилоотӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Яндекс.Метрика