Бойгонии матолиб

30 August 2022

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” шунида шуд.

КИТОБИ “ ТОҶИКОН“

Аз китоби “Тоҷикон” оҳанги бедорӣ расад,
Ҷашни мотамдори даврони гаронборӣ расад.
Ҳарфҳо тиранду хатҳо найзаҳо, ҳар сафҳа дашт,
Аз ҳамин саҳро фақат бонги ватандорӣ расад.

Мерасад аз дур овози ливодорон ба гӯш,
Пур шавад аз ҳарфи хашмолуд саҳрои хамӯш.
Рӯи осоиш куҷо бинад ватандори асил?
Пеши рӯ ояд набарди зиндагибахши Куруш.

Шиҳаи аспону фарёди саворон мерасад,
Аз раҳи таърих бонги сарбадорон мерасад.
Хок мисли дуд хезад аз паи ҳар шермард,
Мисли он ки баъди боду барқ борон мерасад.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд.

Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем!

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.
Эмомалӣ Раҳмон

Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардиданд!

Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардиданд.

Мукофоти арзандаи давлатӣ муборак бошад!

Бознашр аз сомонаи пайравони Пешвои миллат

Рав, ба маънӣ куш, эй суратпараст!

❗Он чӣ пурмағз аст, чун мушк аст пок,
В-он чӣ пӯсида аст, набвад ғайри хок.
Он чӣ бомаънист, худ пайдо шавад,
В-он чӣ бемаънист, худ расво шавад.
Рав, ба маънӣ куш, эй суратпараст,
З-он ки маънӣ бар тани сурат пар аст!
Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Яндекс.Метрика