Бойгонии матолиб

08 September 2022

Ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Армуғони идона дар арафаи истиқбол аз Истиқлол

Монографияи олимони тоҷик - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, Аминҷонов Абдураззоқ Худойшукурович ва Соҳибзода Муҳиддин Соҳиб дар бораи Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик ба нашр расид!

Дар арафаи ҷашни бошукуҳ ва сарнавиштсози миллат 31 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монография олимони тоҷик - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, Аминҷонов Абдураззоқ Худойшукурович ва Соҳибзода Муҳиддин Соҳиб дар бораи Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик армуғони идона ба ҳисоб меравад. 

Танзими ҳуқуқии анъанаву маросимҳо омили рафъи таассуб ва хурофот (қисми I)

Таърих гувоҳ аст, ки пешрафту тараққиёти ҳама халқу миллатҳо маҳз тавассути ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ имкон пазируфтааст. Танзим ва идора кардани муносибатҳои ҷамъиятӣаз принсипҳои асосии пойдорӣва мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ маҳсуб гардида, аз қадим то имрўз чандин марҳилаҳоро паси сар намудааст. Маҳз танзими ҳуқуқӣва риояи меъёрҳои қонун омили пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёт гардида, барои риояи адолати иҷтимоӣ замина мегузорад.

Вуруди номаҳо ва барқияҳо ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвар ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ

Ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвари мо ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин сиёсатмадорон ва ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ номаҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Шаклҳои соҳибихтиёрӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. (Конститутсияи ҶТ, моддаи 1). 

Истилоҳи «Соҳибихтиёрӣ» дар ҳуқуқи давлатӣ бори аввал дар асри 16 аз тарафи олими фаронсавӣ Ж. Боден истифода шудааст. 

Ҳамаи шаклҳои соҳибихтиёрӣ - миллӣ, давлатӣ ва халқӣ бо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳамоҳангӣ сурат мегиранд. Моҳият ва мазмуни ниҳоии онҳо татбиқи ҳуқуқ ва озодӣ, ифодаи манфиатҳо ва беҳбудию некўаҳволии одамон мебошад.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Яндекс.Метрика