Бойгонии матолиб

12 September 2022

ИСРОФ ЗИНДАРО БИМИРОНАД

Исроф - калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ омадааст, ки бархе ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Хушбахтона, баъд аз қабул ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибати мардум бо анъанаву маросим низ ба таври мусбат тағйир ва танзим ёфта, дар ин замина барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани исрофкориву зиёдаравӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғафорова

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғафорова

ХУДСОЛОРИИ ФИКРӢ – ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

Аз ба даст овардани Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба натиҷаҳои бузург ноил шудем. Кишвари маҳбуби мо аз нигоҳи сиёсӣ мустақил гашта, роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекунад. Соҳибназарон истиқлолро ба навъҳои гуногун, ба монанди истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва ғайра ҷудо намудаанд. Донишмандон бар он назаранд, ки барои пурра нигоҳ доштани истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва фарҳангии ҷомеа метавонад заминаи муҳим бошад. 

 

Ҷавоне, ки забони ҳайвонотро медонист

Гуфт Мусоро яке марди ҷавон,

Ки биёмўзам забони ҷонварон.

То бувад, к-аз бонги ҳайвоноту дад, 

Ибрате ҳосил кунам дар дини х(в)ад.

Марди ҷавон назди Мусо алайҳиссалом омад ва аз ў хост то забони ҳайвонотро ба ў ёд диҳад.

Мусо:- Забони ҳайвонот ба чӣ корат меояд? 

Ҷавон:-Забонҳои мардум ҳама дар роҳи касби обу нон ва фиреби дигарон аст ва суде барои дини ман надорад: шояд аз забони ҳайвонот барои дину имонам ибрате ҳосил кунаму панде гирам.

Мусо:-Аз ин ҳавас даст бардор, ки бисёр пурхатар аст.Аз Худо бихоҳ, то дилатро бедор кунад:

❗Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад...

❗Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз наҳвати рақиб,

Яндекс.Метрика