Бойгонии матолиб

13 September 2022

Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун, Ҳама некӯӣ андар андеша кун!

❗Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун!

❗Бибахшу бихӯр то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дардасту ғам!

❗Яқин дон, ки коре, ки дорад давом,
Баландӣ пазирад аз он кор ном!

❗Ту коре, ки дорӣ набурда ба сар,
Чаро даст ёзӣ ба кори дигар!

❗Ба ранҷ андар ори танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост!

❗Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ!

❗Ҳамон ганҷу динору кохии баланд,
Нахоҳад будан мар туро судманд!

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок хоҳанд кард.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон хоҳанд шуд.

www.president.tj

Андешаҳои Абўҳанифа (р) дар масоили сиёсӣ (қисми 1)

Дар ягон китоби маноқиб ва ё китобҳои таърихӣ вонахўрдаем, ки дар бораи афкору андешаҳои Имом Абўҳанифа (р) дар мавриди масоили сиёсӣ андешае таҳрир шуда ва ё маҷмӯаи алоҳидае зикр гардида бошад. Аз ҳамин лиҳоз, барои фаҳмидани орои сиёсии ў, моро лозим меояд, ки зимни баррасии саҳифаҳои ахбору китобҳо онро ҷўстуҷў намоем, то шояд як ҳамоҳангии мунсифона ва як сурати возеҳ аз тафаккури сиёсии эшонро ба даст оварда бошем. Зимнан, ёдовар шудан лозим аст, ки аз ахбор ва шавоҳиде, ки дар баёни ҳаёти Имом нақл шудааст, ду чиз маълум мегардад.
 

Андешаҳои ахлоқии Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи таълиму тарбият

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар китоби Кашфул Асрор ё ҳамон тафсири ирфонии Қуръон мефармоянд:
" Ҳаркас бандаеро аз торикию нодонӣ ба равшаноию дониш раҳбарӣ кунад, ҷони мурдаашро зинда намуда ва гӯӣ ҳамаи инсонҳоро зиндадил кардааст... ва агар касе фардеро гумроҳ кунад ва уро ба нобудӣ кашад , гӯӣ ҳамаи инсонрҳоро гумроҳ кардааст".

Акс: зиндаёд орифи бузурги муосир Ҳасан пири Бастомӣ

Бознашр аз саҳифаи Адаб ва Ирфон

Достони қабзи рӯҳи Мӯсои Калимуллоҳ...

Овардаанд , ки чун Азроил хост Мӯсои Калимуллоҳ ро қабзи рӯҳ кунад, Мӯсо гуфт: Эй Азроил нахуст ин пайғоми маро ба Ҳақ бирасон ва бигӯ ҳеҷ дидӣ, ки дӯст аз дӯсти худ ҷон биситонад???
Азроил пайғом бигзорд. Посӯх омад ки : Эй Мӯсо ҳеҷ дӯсте дидӣ, ки дидори дӯсти худ нахоҳад???

Кашфул Асрор: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Яндекс.Метрика