Бойгонии матолиб

19 September 2022

Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дод

19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд!

"Вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд".

Таъзия!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаводиси ахир, ки дар навоҳии наздимарзии Исфара, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лахш ба вуқӯъ пайваста, боиси марги ҳамватанонамон гардид, сахт андӯҳгин буда, ба кулли хонаводаҳо ва наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.

Аз даргоҳи Худованди Азза ва Ҷалла барои эшон сабри ҷамил талаб дорем.

Хотираи нек ва кору пайкори шаҳидони роҳи ҳифзи марзу буми Ватан дар қалби ҳамдиёрон барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Равонашон шод ва хонаи охираташон обод бод!

СУЛҲИ ҶОВИДОНӢ ДАР БАЙНИ КИШВАРҲО ТАНИНАНДОЗ БОД!

Қадру қимати осудагии Ватан ва сулҳу оромиро пеш аз ҳама занону модарон дарк мекунанд. Маҳз як модар беш аз ҳама чӣ будани оромӣ ва осудагиро медонад ва барои нигоҳ доштани он ҳамеша талош меварзад.

Хатари ҷанг ва эҳсоси бади ноамнӣ низ пеш аз ҳама дар дили як модар талвосаи бедодиро бедор мекунад.

Чун барои зан-модар хандаи тифлаш ва рӯзгори беосебу бедарди ӯ болотар аз ҳама дороиҳои рӯйи ҷаҳон аст. Ва ин хандаву осудагӣ замоне имконпазир мегардад, ки дар ҳама рӯйи замин сулҳи ҷовидонӣ танинандоз бошад.

Манам тоҷик мехоҳам, ки сулҳ андар Ватан бошад!

Манам тоҷик мехоҳам, ки сулҳ андар Ватан бошад,
Намехоҳам, ки ноамни даме бо халқи ман бошад.
Чи лозим ҷангу хунрези, дар ин бӯстонсаро охир,
Ки бустон ҷойи булбул аст, на ҷойи ту на ман бошад.
Ту Қиргиз, чун бародар бош, ту Пашту ҳам чу додар бош,
Намехоҳам шаҳидони Ватан-ро бекафан бошад.
Бихон таърих ниёгонро шинос фарҳанг намо эҳё,
Ки бефарҳанг дар ин дунё дар оташдони ғам бошад.
Масузон модари хешро ту! Эй Қирғиз зи андӯҳ бас!
Бимон шоди даме андар лаби соҳибватан бошад.
Ҳама тоҷиктаборони Ватан дар саф пайи ҳам бош! К

ЭЪТИРОФ!

Нависандаи ТУРКМАН Берди КАРБОБОЕВ: "ТОҶИКОН УСТОДИ МО ҲАСТАНД!"

"Мардуми ТОҶИК асрҳои аср дар байни халқҳои атроф хату савод, фарҳанг, одобу услуб паҳн кардаанд. То инқилоби октябр дар ӯбаи туркманҳо, дар қишлоқи ӯзбекҳо, дар авули қазоқҳову ҚИРҒИЗҲО ҳар ҷо мактабе бошад, аксаран мактабдор аз ТОҶИКОН буд, ҳар ҷо муллое ба назар расад, низ аксаран ТОҶИК буд, калонтарин муллоҳои ин халқҳо ҳамонҳое буданд, ки дар мадрасаҳои Бухоро дар дасти мударрисони ТОҶИК таҳсил дидаанд... ТОҶИКОН муаллими ҳамаи мо, устоди мо ҳастанд!"

Андешаҳои Абуҳанифа дар масоили сиёсӣ (қисми 3)

Дар китоби “Осор”-и Абўюсуф чунин омадааст:“Абўюсуф аз Абўҳанифа (р) аз Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) баъд аз намози хуфтан то намози бомдод ҳашт ракаат намоз ва се ракаат витр ва ду ракаат суннати бомдод мегузорид” . Дида мешавад, ки Абўҳанифа (р) ҳадисеро, ки санадаш танҳо ба Абўҷаъфар мерасад, ривоят кардааст, дар ҳоле ки чунин ҳадиси мунқатеъро танҳо аз касоне мепазирад, ки ба он шахс итминони комил дошта бошад. Ривоят намудан аз Абўҷаъфар танҳо ривоят набуда, балки баҳраварии илмӣмебошад”.

Танзими ҳуқуқии анъанаву маросимҳо омили рафъи таассуб ва хурофот (қисми II)

Танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки қонунҳои миллии худро қабул ва дар амал рўи кор барорад. Баъд аз гузашти замоне, ки миллат марҳилаи бисёр даҳшатборро пасӣ сар карда буд, ба Ҳукумати кишвар имконпазир гашт, ки тавассути қабули қонуну қарорҳои сиёсӣ муносибатҳои иҷтимоиро танзим ва ба бетартибию зиёдаравиҳо хотима бахшад. 

 

Яндекс.Метрика