Бойгонии матолиб

23 September 2022

Тахриби масҷид дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст!

Яке аз маконҳои муқаддас ва муҳим дар дини ислом масҷид аст. Масҷид ба унвони хонаи Худо на танҳо аз мартабаи хосе бархурдор аст, балки аз ҳайси сиёсӣ низ бисёр мавриди таваҷҷӯҳ аст. Ба тавре, ки дар аввалҳои пайдоиши дини мубини ислом маркази муҳими гирифтани тасмимҳои муҳиме будааст. 

Ҷуз аҳдшикан туро чи гўянд?

Аз ҳодисаҳои рўзҳои ахир, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадааст, тибқи маълумотҳо аён мегардад, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамҷавори мо Қирғизистон на танҳо ба аҳдшикании ошкоро даст задаанд, балки вазъи аҳолии наздисарҳадиро мураккаб сохта, дар расонаҳои хабарӣмаълумотҳои бардурўғва туҳматангезро интишор карда, дар тухми нифоқкоштану кинаю адоват андохтан дар дили ду ҷамъият асос гардидаанд.
 

Зинда бод сулҳу дўстии халқҳо ва миллатҳо!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Мардуми қирғиз гуноҳро ба гардан мегиранд, аммо…

Задухурдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон ва омӯзишу таҳлили маълумотҳо доир ба рафти ҷанг ва оқибатҳои он шахсро ба чунин хулоса меорад, ки дар эҷоди ҷанг гурӯҳи сеюм даст дорад. 

Маҳз ҳамин гурӯҳ дар Қирғизистон баъзе ашхоси ҷиноятпешаро ба сари қудрат оварда, онро барои иҷрои ҳадафҳои муғризона истифода мебарад. Маълум мегардад, ки ҳамаи ҷангҳое, ки дар тӯли солҳои охир дар сарҳади ду кишвар сурат мегирифтанд ва имрӯз низ рух дода истодаанд, бо иғвои ашхоси мазкур рух дода истодаанд. 

НАЗАР ИМОМОНИ ЧАҲОРГОНАИ АҲЛИ СУННАТ ДАР МАВРИДИ ТАСАВВУФ

Тасаввуф яке аз равияҳои фалсафаи классикии исломӣ аст, ки дар ибтидо ба шакли зуҳду тақво зуҳур кард ва баъдан ҳамчун як ҷараёни динӣ–фалсафӣ бо равияҳои гуногун ташаккул ёфт. Шарҳи истилоҳии тасаввуфро муҳаққиқон чунин додаанд: «Тасаввуф ҷараёни гуногуншакли мафкуравии динӣ - ирфонӣ ва фалсафиест, ки ҳадафи он бо роҳи кашфу завқ дарки Ҳақиқати Кул мебошад». Дар ҳақиқат тасаввуф аз зуҳду фақр оғоз шуда, «бо ишқи илоҳӣ ва завқи ваҳдати вуҷуду шуҳуд ба камолоти хеш расидааст». Ин ҷараён дар асрҳои аввали густариши дини мубини ислом дар мамолики Шарқи Наздику Миёна пайдо шудааст.

Яндекс.Метрика