Бойгонии матолиб

01 November 2022

Сафари корӣ дар вилояти Хатлон

Сафари корӣ дар вилояти Хатлон нахуст аз ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд. Зимни сафар дар ноҳияи Қубодиён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар деҳоти ба номи Утақара Назаров, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда шуд.

Ифтитоҳи бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.

ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКЎШАД БА ҶАНГ

ЧУ МАҚСУД БО СУЛҲ ОЯД БА ЧАНГ 
ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКЎШАД БА ҶАНГ

НИГОҲЕ БА МУНОҚИШАҲОИ САРҲАДӢ Ё САРҲАДИ МИЁНИ ХИРАД ВА ҶАҲЛ

Пеш аз оне, ки дар бораи низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон сухан гўем, хоҳ нохоҳ аввал аз маънӣ ва мазмуни ин ибораҳо фикр мекунем.  Яъне  низои сарҳадӣ чист ва чиро ба он мансуб медонанд. То ҳол шарҳу тафсири зиёди илмӣ гуфта шудаанд, вале  таърифи аслии он  аз ҷаҳл ва худбинӣ эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои маънави ахлоқии миёни шаҳрвандони ду кишвар аст.

Низоъи сарҳадиро олимон таърифҳои гуногун додаанд. Аз ҷумла:

Низои сарҳадӣ - задухӯрдҳое, ки дар сарҳади давлатӣ ба амал омада, бо вайрон кардани дахлнопазирии сарҳади давлатҳо оварда мерасонад. 

Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг

Чанд муддат шуд, ки дар фазои маҷозӣ масъалаи баҳси марзии Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле доғ мешавад. Аҷиб он аст, ки бештари касоне, ки дар ин масъала изҳори назар мекунанд афроди ноогоҳу хоманд. Равшан аст, ки баъзе доираҳои сиёсӣ, низомӣ ва истихборотии минтақа ва ҷаҳон манфиатдоранд, ки дар Осиёи Марказӣ нооромӣ ҳукумрон гардад, то онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Таърихи ду қарни охири ҷаҳон собит карда, ки манофеи баъзе қудратҳо ва доираҳои сиёсӣ дар минтақаҳои хосс танҳо дар бистари ноамнӣ бароварда мешавад.

Чаро ҷоми маро бишкаст Лайлӣ?

Мегӯянд, ки Лайлӣ барои расидан ба Маҷнун назр карда буд ва ба мардуми фақир таъом медод.
Маҷнун аз ӯ пурсид: Назрат барои чист?
Лайлӣ гуфт: Барои расидан ба висоли ту.
Пурсид: Вале мо бо ҳам нарасидем.
Лайлӣ хашмгин шуд ва гуфт: Магар ҳамин, ки ту барои таъом омадаӣ ва ман туро мебинам, расидан бу ту нест? Бирав ва дар саф қарор гир.
Маҷнун дар саф истод, ки аз дасти Лайлӣ таъом гирад.
Ҳангоме, навбати таъом додан ба Маҷнун расид, Лайлӣ бо баҳонае зарфи ӯро аз дасти худ андохт ва шикаст.

Яндекс.Метрика