Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
"Бедил шахсиятест, ки шабеҳи уқёнуси асрор ва маънӣ, бо розу ҷаззобият ва сеҳри маъруфияти бесобиқа. Сарманшаи ӯ аз минтақаи фарҳангии Хуросони бузург буд ва дар қалби Ҳинди гуҳарбор парвариш ёфт. Бедил ва сабки баланди ҳиндии ӯ на фақат доираҳои адабиро тасхир намуданд ва ба ҳунари мусиқӣ (бахусус, ‘'Шашмақом”-и безавол) ҳамроз гардиданд, балки ба ҳар ноҳия ва минтақа, ба ҳар маҳалла ва гузар ва муҳимтар аз он, ба ҳар хонадон роҳ ёфтанд...".