10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар маркази шаҳр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро ифтитоҳ намуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуданд.