Бойгонии матолиб

14 November 2022

ПАНДИ ДЕРИН

Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.
Шавқу шури навҷавониро пайи ишрат мабар,
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.
Кудаконашро агар н-омухт одобе падар,
Оқибат ноодамии кудаконаш мекушад.
Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,
Марди беандешаро тири камонаш мекушад.
Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,
Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.
То ки қад боло кунад по монд дар болои дуст,
Бевафоро дар ҷудои душманонаш мекушад.
Гуфт Айюбӣ сухан аз синаи бедарду ғам,

Ба истифода додани Маркази қолинбофии “Субҳия” дар ноҳияи Деваштич

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Примқул Сатторқулов бунёд карда шудааст.

СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ " НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ 16 - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва миллии халқи тоҷик
Таҳлили шароити қабл аз баргузории Иҷлосия бо ҳама маводи дастрасу тахлили ҳама омилҳои таъсирбахш бешак касро ба андеша меорад, ки
- ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дар саргаҳи давлатсозии мо қарордошта бо роҳбарону ташкилкунандагонашон, ки ба иродаи парлумон таъсир доштанд, дар рўзҳои аввали соҳибихтиёрии кишвари мо фурсати муносиби давлатсозиро дуруст ҳазм накарданд, консепсияи ягонаи сиёсии давлатсозӣ надоштанд, давлатро идора карда натавонистанд.

Яндекс.Метрика