Бойгонии матолиб

16 November 2022

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Оинаи таърих

Оинаи таърих

Боздид аз Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Қасри Арбоб

16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб идома ёфт.

НАВМЕД МАШАВ ҶОНО‼️

❗Навмед машав, ҷоно, к-ӯмед падид омад,
Умеди ҳама ҷонҳо аз ғайб расид, омад.
Навмед машав, гарчи Марям бишуд аз дастат,
К-он нур, ки Исоро бар чарх кашид, омад.
Навмед машав, ай ҷон, дар зулмати ин зиндон,
К-он шоҳ, ки Юсуфро аз ҳабс харид, омад.
Яъқуб бурун омад аз пардаи мастурӣ,
Юсуф, ки Зулайхоро парда бидарид, омад.
Ай шаб ба саҳар бурда, дар ё рабу ё раб ту,
Он ё рабу ё рабро раҳмат бишунид, омад.
Ай дарди куҳангашта, бах-бах, ки шифо омад,
В-ай қуфли фурӯбаста, бигшо, ки калид омад.

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

16 ноябри соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ботантана ҷашн мегиранд.

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми шашум)

Қавлҳо дар мазҳаби ҳанафӣ зиёду гуногун аст ва аз сабаби гуногунии ақвол ҳукмҳо низ гуногун мебошанд. Ривоятҳо аз Абўҳанифа ва ёронаш мухталиф омадаанд. Гоҳе ҳукми як масъаларо бо ду ривоят бо ҳам зид меоваранд. Худи имомони мазҳаб низ ихтилоф намуданд. Гоҳе ба Абўҳанифа ва соҳибайн мухолафат меварзанд ва гоҳе Зуфар он серо мухолафат мекунад ва гоҳе соҳибайн байни худ ихтилоф менамоянд.

Яндекс.Метрика