Бойгонии матолиб

02 December 2022

«ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НИЗОИ МАРЗӢ

Берун аз ҳудуди кунунии Тоҷикистон қарор доштани як қисми минтақаҳои тоҷикнишин ноадолатии бузурге ҳаст, ки ҳангоми тақсимоти миллӣ-ҳудудии ибтидои асри ХХ миллати тоҷик бо он рӯ ба рӯ шудааст. Дар баробари ин, то ҳол ҳамсоядавлати мо – Қирғизистондар талоши он аст, ки қитъаҳоизаминҳои дар даврони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ, бидуни ягон ҳуҷҷати расмӣ соҳибшуда ва ғасбнамударо ба соҳиби қонунӣ – Тоҷикистон барнагардонад.

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои пешгирии онҳо

Дар замони муосир, Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ, ба низоми ташаккули муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро соҳиб гардид ва расман аз ҷониби тамоми давлатҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфӯз доранд, эътироф ва шинохта шудааст.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва  терроризм мебошанд.  Зеро зуҳуроти мазкур ба  оқибатҳои нохуш, яъне таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад. 

Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме...

❗Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме,
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме.
Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав,
Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биёсоям даме.
Зиракеро гуфтам: Ин аҳвол бин! Хандиду гуфт:
«Саъб рӯзе, булаҷаб коре, парешон оламе».
Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил,
Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?
Дар тариқи ишқбозӣ амну осоиш балост,
Реш бод он дил, ки бо дарди ту хоҳад марҳаме!
Аҳли кому нозро дар кӯйи риндӣ роҳ нест,
Раҳбаре бояд ҷаҳонсӯзе, на хоме, беғаме.

Яндекс.Метрика