Бойгонии матолиб

05 December 2022

Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД)

4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Зарра-зарра барф меборад сафед

Баробари боридани барфи аввал, баъзе аз одамони боҳавсала, шўх, зиндадил ва хушсалиқа имрўзҳо низ ба иҷрои бозии қадимии тоҷикӣ, яъне "Барфӣ" шурўъ менамоянд. Дар ҳар маконе, ки барф меборад, ҳатман ин бозӣ иҷро мегардад.

Баъзеҳо интизори боридани барфи аввал ҳастанд. Бархе қаблан омодагӣ мегиранд, ки кадоме аз наздикон ва ё дўстонашон хеле осон ба "доми барфӣ" гирифтор мешаванд. Тарзи баргузор намудани "барфӣ" имрўзҳо чунин аст.

НИКОҲ – ОИНИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Тибқи ривоятҳо аз замоне, ки одам офарида шуд, ба ў барои бунёди оила амр карда шуд ва бастани никоҳ аз шартҳои асосии он муайян гардид. Бастани никоҳ дар ҳама халқу қавмиятҳо бо анъанаҳои гуногун дида мешавад, ки мақсад аз он бунёди оила ва устувории ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин суннат ҳам дар аҳкоми осмонӣ ва ҳам дар омӯзаҳои башарӣ бо хусусиятҳои фарқкунандаи худ ҷой дорад. Аз ҷумла, дар сарчашмаҳои исломӣ баёни бастани никоҳ ва шартҳои он ба таври мушаххас асоси худро ёфтааст.

Яндекс.Метрика