Бойгонии матолиб

06 February 2023

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.

Мулоқот бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар 06.02.2023

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудааст, баланд арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.

НАЗАРИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН (Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»)

Қисми сеюм.

Ватандӯстии муътадил. Ин навъи ватандӯстӣ дар натиҷаи ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирии паҳншавии ватандӯстии қотеъ ва бартараф кардани омилҳову ангезаҳои дурӣ ва бегона шудани шахс аз Ватан ва ҷомеа пайдо шудааст. Омӯзиши ин роҳҳо баъзе файласуфонро ба ақидаи мавқеъи миёна ва мӯътадили ватандӯстӣ водор сохт, ки он аз як тараф меҳру муҳаббати ватандӯстро ба арзишҳои умумибашарӣ ва тамоми башарият, аз тарафи дигар, ғамхории махсуси ӯ дар ҳаққи Ватан ва ҳамватанонашро таҷассум месозад.

Китоби “ар- Рад ало сияр ал-Авзоъӣ” ҳамчун сарчашмаи нодир оид ба масъалаҳои ихтилофӣ байни Авзоъӣ ва Абӯҳанифа (р)

Китоби “ар - Рад ало сияр ал-Авзоъӣ” сарчашмаест, ки Абӯюсуф дар қоидаву қонунҳои ҷангу сулҳ, амонхоҳӣ, аслоб (аспу афзолу анҷоми он ва аслиҳае, ки ғанимат гирифта шудааст) ғаноим ва ғайра, ки Авзоъӣ хилофи қавли Абӯҳанифа (р) назар дода, рад мекунад. Дар воқеъ, ин ёрӣ додани устодаш дар баробари Авзоъӣ дар масъалаҳои зикршуда ва масъалаҳои назари он мебошад. Дар ин китоб намунаи қавии далелҳои Абӯҳанифа (р), роҳҳои истинбот ва равиши истидлоли ӯ ва ҳамчунин дараҷаи қавии таақули фиқҳии Абӯҳанифа (р), нишон дода шудааст.

Яндекс.Метрика