Бойгонии матолиб

13 February 2023

ФИҚҲОИ ИСЛОМ: Ҳанафия, Ҳанбалия, Моликия ва Шофеия

Яке аз натиҷаҳои таҳаввули минбаъдаи ислом пайдоиш ва ташаккули илмҳои исломӣ буд. Чунон ки дар мавриди илмҳои қуръонӣ гуфта шуд, улуми исломӣ низ дар заминаи бархӯрд бо тамаддунҳои дигар ва ихтилофҳои мазҳабиву фирқавӣ ба вуҷуд омада, доираи маорифи исломиро густариш доданд. Аз ин рӯ илмҳои исломӣ ҷузъи маорифи исломӣ ба шумор мераванд. Маорифи исломӣ дар маҷмуъ аз илмҳои сарчашмашиносии исломӣ: илмҳои қуръонӣ, илми ҳадис ва илмҳои назарию фалсафии исломӣ: фиқх, калом, мантиқ, фалсафаи исломӣ, тасаввуф (ирфон) ва ахлоқ ташаккул ёфтааст.

Китобҳои Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаҳои муътамади фиқҳи ҳанафӣ

Китобҳои Муҳаммад дар фиқҳи Абӯҳанифа (р) ба ҳайси марҷаъи аввал шинохта шудааст. Хоҳ ба ривояту муроҷиат аз Абӯюсуф ва хоҳ аз масоили маъруф аз фиқҳи аҳли Ироқ бошад. Аммо гуфтан бамаврид аст, ки ҳамаи китобҳои ӯ аз нигоҳи эътимод дар як дараҷа нестанд. Балки уламо аз нигоҳи дараҷабандӣ китобҳои ӯро ба ду қисм ҷудо намудаанд:

Аввал:

Яндекс.Метрика