Бойгонии матолиб

20 February 2023

Китоби “Мабсут” - и Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаи фатвоҳои Абӯҳанифа (р) ва ихтилофоти Абӯюсуф ва Муҳаммад бо устодашон

Китоби “Мабсут”, ки маъруф ба “Асл” аст аз назари ҳаҷм бузургтарин китоби Муҳаммад ба ҳисоб меравад. Имом Муҳаммад дар он масъалаҳоеро, ки Абӯҳанифа (р) дар онҳо фатво додааст, гирд овардааст. Инчунин дар он ихтилофоти Абӯюсуф ва Муҳаммад бо устодашон низ оварда шудааст. Аммо ҷое, ки ихтилоф зикр нашудааст, фаҳмида мешавад, ки дар он иттифоқ аст. Ӯ ҳамаи китобҳоро бо ҳадисҳое, ки назди онҳо саҳиҳ буд, оғоз карда, сипас масъалаҳо ва ҷавобҳояшонро зикр мекунад. Агар хилофи Ибни Абӯлайло бошад, онро ҳам баён медорад.Бинобар ин, китоб намунаи дурусте барои фиқҳи ироқӣ ва осори он аст.

Яндекс.Метрика