Бойгонии матолиб

27 February 2023

Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст...

Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст,
Биёр нафҳае аз гесуи муанбари дӯст.
Ба ҷони ӯ, ки ба шукрона ҷон барафшонам,
Агар ба сӯйи ман орӣ паёме аз бари дӯст,
В-агар чунон, ки дар он ҳазратат набошад бор,
Барои дида биёвар ғуборе аз дари дӯст.
Мани гадову таманнои васли ӯ? Ҳайҳот!
Магар ба хоб бубинам хаёли манзари дӯст!
Дили санавбариям ҳамчу бед ларзон аст
Зи ҳасрати қаду болои чун санавбари дӯст.
Агарчи дӯст ба чизе намехарад моро,
Ба оламе нафурӯшем мӯе аз сари дӯст.

Китоби “Ал - Ҷомеъ ас - сағир” - и Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаи фатвоҳои Абӯҳанифа (р)

Маҷмӯаи ривоятҳоеро, ки ин китоб дарбар гирифтааст, Муҳаммад аз Абӯюсуф ривоят кардааст. Аз ин ҷиҳат ҳар бобе аз бобҳои он бо ин ибора оғоз шудааст: “Муҳаммад аз Яъқуб аз Абӯҳанифа (р)”. Баъзе олимон ривоят кардаанд, ки дар миёни китобҳои Имом Муҳаммад китобе ҷуз ин дида намешавад, ки танҳо аз Абӯюсуф ривоят карда бошад. Дар “Маноқиб”-и Ибни Баззозӣ омадааст: “Аз Муҳаммад пурсиданд: “Оё ин китобро аз Абӯюсуф шунидаӣ? ” Дар ҷавоб гуфт: “Ба Худо савганд аз ӯ инро нашунидаам ва ӯ донотарини мардум бар ин китоб аст. Аз ӯ фақат китоби “ал- Ҷомиъ ас-сағир”-ро шунидаам”.

Хурофотгароиву тақдирпарастӣ ва таъсири он ба характери миллӣ

Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).

Диде ба ХУРОФОТ

(Дар Ҳошияи Паёми Пешвои миллат аз 21.12.2022)
Вақти он аст, ки аз хоби ҷаҳолат сари хеш,
Бар канӣ, то ба сарат барвазад аз илм насим. Мавлоно

Яндекс.Метрика