Бойгонии матолиб

02 March 2023

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин

2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маълумоти мухтасар дар бораи оилаи ҳуқуқи мусулмонӣ

Тибқи маълумоти муҳаққиқон (соли 2015), қариб 1,8 млрд. нафар дар бештар аз 125 давлати ҷаҳон аз рўйӣ меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ истиқомат мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи мусулмонӣ, мисли оилаи ҳуқуқии романӣ-олмонӣ ё англо-америкоӣ, низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ мебошад. Ин оилаи ҳуқуқӣ пурра мустақил буда, новобаста ва бе таъсири ҳуқуқи романӣ - олмонӣ ё англо-америкоӣ, дар шароитҳои махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ пайдо шудааст. 

 

Нороҳатии ифротиҳо аз омад - омади ҷашнҳои милливу дунявӣ

Омад - омади идҳои дунявӣ ва ҷашнҳои миллӣ кайкҳои таги пӯсти мутаассибони дин, дингароёни ифротӣ ва зархаридони хориҷии зоҳиран исломдӯсту  моҳиятан ба он хиёнатпешаро ба ҷунбиш медароранд ва торҳои асаби онҳоро неш задан мегиранд.  Ин ҳолати онҳо табиист. Дар ҳолати набудани ақли ҳақиқатҷӯ ва далоили ақлию  нақлӣ табиати хушунатҷӯи онҳоро  ба ҳар гуна сохтакорию  эҷодкорӣ водор менамояд. Зеро ҷаҳонбинии маҳдуд ва тира  ба онҳо имкон намедиҳад, ки љомеаро хушҳолу муваффақ бинанд.

ИДЕОЛОГИЯ: МАЗМУН ВА ВАЗИФАҲОИ ОН ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ

Мафҳуми «идеология» тахминан дусад сол пеш пайдо шуда буд. Дар илм бори аввал мафҳуми мазкур аз ҷониби файласуфи франсавӣ Дестюд де Траси мавриди истифода қарор гирифтааст. Ӯ мафҳуми мазкурро соли 1796 дар ҳисоботи худ, ки «Лоиҳаи идеология» номгузорӣ шуда буд, истифода бурдааст. Баъдан ӯ дар китоби сеҷилдаи худ «Унсурҳои идеология» (1801-1815) масъалаи мазкурро ба таври васеъ баррасӣ намудааст.

Яндекс.Метрика