Бойгонии матолиб

18 March 2023

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад.
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама бо хуррамию тозаҷавонӣ бинем.
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад!

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли дӯстону ҳамкоронро бо фарорасии Наврӯз аз самими қалб табрик гуфта умри дароз, ризқи фароз, иқболи баланд, амалишавии ҳамаи орзуҳои некро таманно дорад. Бигузор Наврӯз бароятон бахту саодат, иқболи баланд, саломатӣ ва шодкомӣ орад!

Наврӯз муборак бошад!

Семинари илмӣ - амалии шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ дар мавзӯи : " Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он"

Санаи 18 - уми марти соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - амалии шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ дар мавзӯи :"Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он" баргузор гардид.
Дар семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холиқзода Абдураҳим тамоми ҳайати кормандони Марказро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуд.
 

Яндекс.Метрика